Ҳалокати чаҳор узви як хонавода аз бӯйи газ

Дар вилояти Павлодари Қазоқистон чаҳор узви як хонавода — зану шавҳар ва ду кӯдаки онҳо — аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд, ки ҷасади 4 узви як хонавода рӯзи чаҳоршанбе дар манзили хусусие пайдо шуд. Онҳо аз бӯи газ фавтидаанд.

Мақомот ному насаби фавтидаҳоро нашр карданд: Рустам Бекболотов (соли таваллуди 1979), Наталя Бекбатирова (соли таваллуди 1982), Динара Бекбатирова (соли таваллуди 2004) ва Дамир Бекбатиров (соли таваллуди 2007). Ба иттилои мақомот, Наталя Бекбатирова дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дошт.

Мақомот мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши пешакӣ шуруъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *