Ҳалокати ду сарбози ӯзбек дар пахтазор

Ду сарбозе, ки барои пахтачинӣ ба ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон сафарбар шуда буданд, 13 октябр зери чархи трактор монда, ҷон бохтанд. Онҳо аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд.

Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Сирдаё бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарбозон дар натиҷаи як «ҳодисаи нохуш» ҷон бохтанд.

«Сарбозон, ки 20 солӣ доштанд, дар ҷӯйборе дар пахтазор хоб рафтаанд. Тракторе, ки пахта мекашонд, онҳоро пахш кардааст. Ҷавонон дар тан либоси низомӣ доштанд. Ин як ҳодисаи нохуше аст, ки касе онро пешгӯӣ карда наметавонист», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Сардухтури ноҳияи Боёвут Олим Бемуродов гуфт, аз рух додани ин ҳодисаи нохуш хабар дорад, вале масъули таъмини амнияти сарбозон табиби низомии ситоди пахтачинӣ аст. Ба гуфтаи сардухтур, ин бори аввал аст, ки дар мавсими имсолаи пахтачинии ноҳия касе ҷон медиҳад.

Дар бештари ноҳияҳои Ӯзбекистон имсол мавсими ҷамъоварии пахта моҳи сентябр оғоз шуд. Расонаҳои хабарӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти ӯзбек, ки гуфтанд, ба меҳнати иҷборӣ роҳ нахоҳанд дод, аз иҷборан сафарбар шудани кормандони буҷавӣ ба пахтазорҳо хабар медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *