Ҳалокати раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон
Ин фалокат дар байни роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур ва Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ соати 10.30 дақиқаи 10 декабр сар зад.
Мошини сабукрави «Тойота-Прадо», ки онро бародари 35-солаи раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон Шӯҳрат Ашӯров идора мекард, ҳангоми ҳаракат чаппа шуда, ба ҷарии 70-метра афтид. Ш. Ашӯрови 54-сола аз ҷароҳати бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Маросими дафни Шӯҳрат Ашӯров 11 декабр сурат гирифта, ӯ дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шӯҳрат Ашӯров ба вазифаи раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон 6 июни соли 2016 интихоб гашта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ