Ҳодисаи табиӣ боз ҷони як нафарро рабуд

Ронандаи 40-солаи мошини тамғаи “Тайота прадо”, ки аз Душанбе ба Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, ба ҳалокат расид.

Дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ шабонарӯзи гузашта мавҷи селҳои азим сабабгори резиши санг шуд.

Бар асари резиши санг дар километри 155 – уми роҳ ронандаи 40-солаи мошини тамғаи “Тайота прадо”, ки аз Душанбе ба Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшон ҷасади ронандаро фаврӣ аз дохили мошини зери сангрезиш монда берун овард. 

Боришоти бошиддат дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ чандин фоҷиаҳоро ба бор овард. Дар Файзобод сели азим ду нафарро, ки саргарми чаронидани чорво буданд, ба коми худ кашид. Дар манотиқи гуногуни мамлакат ҳудудан 60 ҳазор сокинон аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонида шуданд.

Тавре Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бар асари ин обу ҳавои номусоид об шудани барфҳо дар кӯҳҳо ва сарозер шудани оби зиёд ба водиҳо сабабгори якбора боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо мешавад. Ҳамчунин об шудани барфҳо метавонад хоки теппаҳоро нарм созад ва сабабгори рониши замин дар баъзе манотиқ гардад. Аз сӯйи дигар боришоти шадид хатари лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангро бештар мекунад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои бехатариро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, занбӯруғ ва дигар рустаниҳои шифоовар худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин, ба чӯпонҳо муроҷиат мекунад, ки  бошгоҳҳои худро аз соҳили рӯдхонаҳо ва маконҳои селхез барчинанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *