Ҳалокати се ронанда дар рӯзи Артиши миллӣ
Санаи 23-юми феврал, тахминан соати 12:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Соҳибназаров Алишер Раҷабович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба доманаи кӯҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири ин автомашина Раҳматуллоев Руслан Қурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи зикргардида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 23.02.с.2019, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», Мамадалиев Гулбек, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Қулма», дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исоев Шоҳинҷон Мӯъминович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ш. Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб, дар наздикии кӯли шиноварии ҳамин ноҳия ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, таҳти идораи Шоев Абдураҳмон Абдураҳимович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки аз самти ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, таҳти идораи Зоҳиров Зоҳир Усмонович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи мазкур бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ, ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ