Аломатгузории марз байни Душанбе ва Тошканд

 Ҷонибҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 16 ноябр дар Тошканд мулоқот баргузор намуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷузъиёти мулоқотро баъдтар расонаӣ мекунад. Содиқ Имом, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ бо дипломатҳои ӯзбек масоили марбут ба аломатгузории марзро баррасӣ кардааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд ва ҷонибҳо то имрӯз дар мавриди таъин кардани 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанд. Аммо ба далели пурра мушшахас ва аломатгузорӣ нашудани хатти марз, сокинони ин ду кишвар зимни чарондани чорво ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур карда, баъзан дар пайи бархӯрдан ба минаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ӯзбекистон аз соли 1999-ум, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояш бо чанд кишвари ҳамсояро мингузорӣ кард. Давоми 17 соли охир тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар наздикии марз бо Ӯзбекистон ба сар мебаранд, ба ин минаҳо бархурда, ҷони худро аз даст додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *