“Алови ишқи ту”-и Ралик нашр шуд

Ралик аз ҷумлаи рэпсароёни сермухлиси тоҷик маҳсуб меёбад ва рэпи нави худро бо номи “Алови ишқи ту” дар ютубканалаш нашр кард.

“Алови ишқи ту” аз чандин рэпҳои охири Ралик фарқ дошта, ҳамзамон шумораи боздидҳо ҳам хеле зиёд ҳастанд. Агар дар рэпҳои қаблиаш тамошобинон то андозае кам буданд, пас “Алови ишқи ту”-ро дар як шабонарӯз наздики 30 ҳазор нафар шунидаанд.

Дар миёни рэпсароён ва ҳаводорони ин навъи санъат фикре роиҷ гардидааст, ки дигар Ралику Шон МС ва ҳар нафареро, ки бо услуби инҳо рэп мехонад, мардум кам гӯш мекунанд, зеро тарзи хондани Сиван, Басстер, Диловар ва ғайраҳо ҳоло мӯд шудааст, вале шумораи боздидҳои инҳоро дида, гуфтан мумкин аст, ки ин фикр то андозае нодуруст буда, то ҳол мардум чунин рэпҳоро гӯш мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *