Аловуддин Абдуллоев: «Ради  галочка» кор кардан ҳеҷ касро обрӯманд намекунад

Пас аз муддате танаффус, коллективи 100 — нафараи кормандони эҷодӣ ва техникии Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ба номи Ато Муҳаммадҷонов  бо роҳбарии ҳунарманди маъруфи кишвар Аловуддин Абдуллоев бо намоишномаҳои нав мавсими нави театрииро оғоз намуданд. Дар арафаи оғози мавсими нави театрӣ хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо роҳбари театр Аловуддин Абдуллоев атрофи вазъи кунунии соҳа суҳбат дошт, ки фишурдааш пешниҳоди хонандагон мегардад.

Аз мавсими нави театрӣ ёдовар шудем ва ин мавсим низ танҳо хонандагону донишҷӯён иҷборан ба театр сафарбар мешаванд ё ягон идеяи нави ҷалби тамошобинро доред?

-Дар асл гирем, ҳар як мавсими нави театрӣ барои ҳунармандону эҷодкорон бо идеяҳои нав ба нави ҳунармандию саҳнаофарӣ  оғоз мегардад. Ин мавсим тасмим гирифтаем, ки сатҳу сифати намоишномаҳоро беҳтару ҷолиби диққати тамошобин намоем. Мушоҳида мешавад, ки сол то сол талаботи тамошобин  нисбати намоишномаҳои театрӣ ҷиддӣ шуда истодааст. Дар мавсими навбатӣ, аллакай аз ҷониби кормандони мақомотҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ дархост вобаста ба намоиши саҳнаҳои ҷадид ҳаст ва моро мебояд, ки кор кунему ба боварии мардум сазовор бошем.

Ба андешаи шумо тамошобин худаш ба театр ояд хуб аст ё ба наздаш равед?

-Фарқ надорад, мо ба назди тамошобин равем ё тамошобин ба назди мо ояд. Муҳим, аз ҷониби ҳунарманд ғизои маънавӣ пешкаш кардану ғизои маънавӣ гирифтани тамошобин аст. Як тасаввур кунем, давраҳои солҳои 1963-1969-ро ки  давраи «тиллоӣ» меномем. Ин давра шароити иқтисодии мардум хуб буду бештар ба ғизоӣ маънавӣ ниёз доштанду ягона макони дарёфти ғизои маънавиро роҳ ба театр медонистанду меомаданд. Мардуми тоҷик як муддат бо сабабҳои ба ҳама маълум аз театру ҳунарманд дур монда буданд. Имрӯз бошад, хушбахтона давлати мо аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳамон марҳала наздик шуда истодааст. Пас, мо ҳунармандонро низ мебояд, сатҳу сифати намоишномаҳоро хуб кунем ва агар дар аввал мо ба назди мардум равему намоишномаҳои ҷолибро пешкаш кунем, мебинем, ки фардо ҳатман тамошобини асил дари моро мекӯбад.

Театрҳои ҷумҳуриявӣ аз надоштани коргардонҳои ҳирфаӣ азият мекашанд. Имрӯзҳо дари театри вилоятиро низ ҳамин мушкилот мекӯбад ё аз ин ҳам зиёдтар?

-Дуруст мегӯед. Имрӯз  кадом як масъули театр дар ВАО суҳбат кунад, аз норасоии коргардонҳо шикоят мекунад. Ба фикри ман, ин ҳарфу ҳиҷо, баҳонаҳо куҳна шудааст. Роҳбар, масъули театр ё дар кадом соҳае, ки бошад, барои чӣ аст? Барои он аст, ки заҳмат кашад, кобад, роҳашро ёбад, шогирд тайёр кунаду соҳаашро пеш барад. Аз нигоҳи шӯхиҳои Аловуддин гирем, ради «галучка» кор кардан ҳеҷ касро обрӯманд намекунад.

Хушбахтона, имрӯз дар театри мо мушкилоти коргардон, ҳунарманд, ороишгар мушоҳида намешавад. Ба наздикӣ коргардони ҷавони театр Парвиз Раҷабов Донишгоҳи фарҳанги Москавро хатм карда омаду ба таҳияи намоишномаҳо машғул аст. Дигар шогирдон низ дар бахшҳои дигари кори театр омода шуда истодаанд. Каме мушкилоти равшанӣ ва механизми саҳнаороӣ доштем, ки ин ҳам дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Дигар шароиту имкониятҳоямон бениҳоят хуб аст.

Ҳангоми воридшавӣ ва тамошои саҳнаҳо дар муносибату симои тамошобин чӣ камбудиҳоро мушоҳида мекунед?

— Воқеан, имрӯзҳо баробари камбудиҳо дар кори мо, аз ҷониби тамошобин низ камбудиҳо мушоҳида мешавад. Дар даромадгоҳ мебояд тамошобин ором бошаду қоидаҳои аввалини муайяншударо риоя кунад. Табиист, ки саҳнаҳоро ҳунармандон зинда иҷро мекунанд. Баъзе тамошобин дар рафти саҳнаҳо ҳар гуна садо бароварда, ба ҳунарманд халал мерасонад. Дигар ин, ки дар толори зебову барҳавои батозагӣ мавриди истифода қароргирифтаи театр тамошобинон ба истеъмоли офтобпарасту дигар ғизоҳо машғул мешаванд. Боз дигар камбудиҳое ҳастанд, ки аз ҷониби тамошобини на танҳо театри мо, балки тамоми ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

Мебинам, ки дар наздатон саҳнаҳои хурд ба унвони «Шӯхиҳои Аловуддин» хеле зиёд аст. Киҳо бо шумо ҳамкорӣ мекунанд. Мардуми одӣ ё шоирону нависандагони касбӣ?

-Ҳама. Ҳам мардуми одӣ ва ҳам шоирону нависандагони сатҳи вилояту ҷумҳурӣ.

Интихоби кадоме аз ин саҳнаҳо ҷолиб аст, мардумӣ ё рангубордодаи шоирону нависандагон?

-Аслан, оне ки мардум пешкаш мекунад, бо вуҷуди доштани камбудиҳои ҷузъӣ, писанди ман мешавад. Зеро дар саҳнаҳои мардумофарида махсусиятҳои кору фаъолияту шеваву гуфтори инсонҳои таҳҷоӣ зиёдтару дилчасптар аст. Дар тахайюли онҳо ҳамон лақабгузориву шеваҳои дилчаспу маҳини гӯишу рафтору кирдори мардуми касбу кори гуногун, бахусус насиҳатҳои пирони рӯзгордида бештару хубтар мушоҳида мегардад. Ҳамин аст, ки пас аз таҳия ва пахши саҳнаҳои аз ҷониби мардум пешниҳодшуда тамошобин баҳои баланд медиҳад. Бароям боиси ифихор аст, ки имрӯз аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба унвони «Шӯхиҳои Аловуддин» номаву саҳнаҳои мазмуни гуногундошта меояд. Ва бо вуҷуди таҷрибаи корӣ, аз ин саҳнаҳои мардумофарида чизе меомӯзаму дар рафти иҷрои нақшҳо истифода мебарам.

— Ба ақидаи мардум шумо яке аз пешоҳангон дар ҷодаи ҳаҷв маҳсуб меёбед. Вазъи ҳаҷви замони имрӯзро чӣ гуна баҳо медиҳед? Бархӯрди давру замон аст ё на?

— Дар телевизионҳои давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя бахусус Россия ҳар ҳафта як барномаи хусусияти ҳаҷвидошта дар ҳузури мардуми сершумор таҳия шудаву пешкаши аҳолӣ мегардад. Манзури ман аз ин гуфтаҳо, ба кори ТВ-ҳои ватанӣ эрод гирифтан нест. Аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ ҳамарӯза намоишномаҳои моро пешкаши тамошобин мекунанд. Манзурам, аз тарафи мо ҳаҷвнигорон кам таҳия шудани чунин саҳнаҳо бо иштироки васеи аҳолӣ аст. Чанд сол пеш аз ҷониби ҳунармандони дар ин ҷода фаъолиятдоштаи кишвар, ба монанди гурӯҳҳои «Ғарибшо», «Конову Доно», «Гӯем ё нагӯем», «Шакарханд», «Маҳфилоро», «Хандинкамон», «Очаи Бика ва Зика» ва чанде дигарон намоишномаҳои дастаҷамъона таҳия мешуду рақобати хуби эҷодӣ ҳам буду як андоза талаботи мардум қонеъ мегардид. Аммо, аз чӣ сабаб бошад, ки чанд вақт инҷониб ҳунармандони ин гурӯҳҳо хомӯшанд. Кам андар кам саҳнаҳо меофаранду он ҳам кӯтоҳу талаботи  тамошобинро қонеъ намекунанд.

 «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов ва «Каримдевона»-и Тӯрахон Аҳмадхон. Яке худӣ дигаре хориҷӣ. Мақсади таҳияи дуранг намоишнома дар чист?

-Якум ҷумла ҷавоб буду дуюмаш савол. Бояд гӯям, ки ҳамасола ҳайати эҷодии театр дар фестивалҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ширкат варзида, сазовори ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ мегарданд. Намоишномаи «Қиёмат», ки ба қалами Чингиз Айтматов тааллуқ дораду муаллифи саҳнавиаш Ҷумъа Қудус мебошад, он ба муносибати 90-солагии нависандаи маъруфи Доғистон Чингиз Айтматов омода мегардад. Мақсад дорем, ки онро дар зодгоҳи ин забардасти олами адабиёти ҷаҳон намоиш диҳем. Намоишномаи «Каримдевона»-и Тӯрахон Аҳмадхон, ки муаллифи саҳнавиаш Қурбонмуҳаммад Шукуров аст, ба оғози мавсими нави театрӣ бахшида шудааст. Каримдевона аслан шоири бисёр ширинкаломи халқӣ аст ва бо шеваю гуфтори махсусаш аз асри зиндагиаш то ба имрӯз ҳаводорони бешумори худро дошту дорад.

-Мегӯянд, ки Аловуддин дар оилаи на ҳаҷвнигор, балки сиёсатмадор ба камол расидааст. Пас, ҳаҷв шуморо дарёфт ё шумо ҳаҷвро? 

— Ман ҳаҷву ҳаҷв манро. Ин савол маро водор месозад, ки каме ба гузаштаи авлодии худ маълумот диҳам. Падари ман шахсе буд, ки умри худро дар корҳои давлатӣ ва хизмат ба мардум сарф кардааст. Аз директори мактаб сар карда, то ба корманди мақомоти маҳалу шаҳру ноҳия ва ғайра. Худам бошам, аз хурдӣ шӯхтабиат будам. Бобову падарам ба касби интихобкардаи ман ҳеҷ гоҳ зид набуданд…

Ҳамсолон, ёру дӯстонатон мегӯянд, ки ҳангоми наврасиву ҷавонӣ Аловуддин аз хонаи шаҳраш гурехта, ба деҳот меомаду рӯзҳоро бо мо кӯр мекард. Ҳатто дар даромадан ба ҳотаи момаи Гулбутта ва дуздии помидору бодирингҳои ӯ низ шуморо гунаҳкор мекунанд.

— Қариб, ки дуруст, лекин ин дуздӣ набуд. Ҳамту даромадан буд. Помидорҳои сурху бодирингҳоро дида, яке дилам шакароб кашиду якҷоя бо ҳамон дӯстони сирфошкунам ба ҳотаи момаи Гулбутта ҳамла кардем ва дӯстонам озодона симхорро парида гурехтанду мутаассифона ман, ки писари шаҳрӣ будам, ба дасти момаҷонам афтода, як-ду шапалоқи обдор хӯрдам.

Мусоҳиб

Ҷомӣ Халифаев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *