Алвидоъ ҳиҷоб!Исломро кӣ бадном мекунад?

Тарафдорони ин иқдом бар он назаранд, ки, аввалан, чунин либос ба фарҳанги ин кишвар бегона аст, дуюм, озодии занонеро, ки зери фишор фаранҷию ҳиҷоб мегиранд, маҳдуд месозад, сеюм ва муҳим, ба амнияти шаҳрвандон хатар эҷод мекунад

Дар Швейтсария 6 март раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Саволи асосии раъйпурсӣ пӯшидан ё напӯшидани ҳиҷобу фаранҷӣ дар ин кишвари Аврупоӣ буд…

Мувофиқи иттилои Swissinfo 52.7 фоизи сокинони ин кишвар ба ҷонибдории манъи пӯшидани ин либос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ овоз доданд. Акнун мақомоти қонунгузори Швейтсария муваззаф аст, ки дар давоми ду сол барои амалӣ сохтани натиҷаи ин раъйпурсӣ қонун омода созад ва ба тасвиб расонад.

Аксари сокинони ин кишвар бар он ақида ҳастанд, ки чунин либос хоси мардумашон нест ва пӯшидани он ба амнияти сокинонаш хатар эҷод мекунад. Ҳастанд касоне, ки манъи ҳиҷобро шикасти рукни озодӣ дар демократия медонанд. Вале аксарият дар ин кишвари баргузидаи Аврупо бар он ақида ҳастанд, ки ба хотири демократия набояд амнияти мардумро зери хатар гузошт. Билхоса, ки ҳиҷоб ва фаранҷӣ барои фарҳанги ин мардум бегона аст. 

Манъи фаранҷиву ҳиҷоб дар интихоби ин кишвар барои сайёҳӣ албатта халал ворид месозад. Шояд сайёҳони кисағафси араб барои сафар ба Швейтсария худдорӣ кунанд.. Вале аксари коршоносони аврупоӣ ба он ақидаанд, ки ба хотири амният сарфи назар кардан аз сайёҳони пулдор дуруст ва ногузир аст. Зеро раҳ ёфтани фарҳанги бегона ба фарҳанг ва анъаноти миллии мардуми Швейтсария метавонад ихтилоф дар ҷомеа ва вайрон гаштани низоми идорӣ ворид созад.

Ба хотири роҳ надодан ба фарҳанги бегона ин дуюмин раъйпурсиест, ки дар Швейтсария баргузор мегардад. Соли 2009 раъйпурсӣ садди роҳи сохтмони манораҳо гашта буд. Мувофиқи маълумоти  DW ҳоло дар ин кишвар, ки аҳолиаш ҳудуди 9 миллион аст, шумораи мусулмонон 5% ро ташкил медиҳад, тахминан 300 масҷид мавҷуд аст. Аммо танҳо дар 4 масҷид иҷозаи азон гуфтан иҷозат ҳаст. Ҳама иқдомҳое, ки дар ин кишвар пеш гирифта мешавад, аз қарни 19 инҷониб дар асоси раъйпурсӣ, бо ҷамъ овардани на камтар аз 100 000 тарафдор  баргузор мегардад.

Дар ҳоле, ки шумораи сиёҳчодарбасарон дар Шветсария хеле кам, ҳудуди на беш аз 30 нафарро ташкил медиҳад,  чи зарурате ба баргузории раъйпурсӣ ва манъи пӯшидани фаранҷию ҳиҷоб гашт? Тарафдорони ин иқдом бар он назаранд, ки, аввалан, чунин либос ба фарҳанги ин кишвар бегона аст, дуюм, озодии занонеро, ки зери фишор фаранҷию ҳиҷоб мегиранд, маҳдуд месозад, сеюм ва муҳим, ба амнияти шаҳрвандон хатар эҷод мекунад.

Тазод дар он аст, ки ҳатто як идда олимони исломшиноси Швейтсария даъват ба амал оварданд, ки интихобкунандагон дар райъпурсӣ иштирок ва ба тарафдории манъи фаранҷию ҳиҷоб овоз диҳанд. Аз ҷумла сиёсатшиноси мусулмонтабори Швейтсариягӣ Илҳом Монеъа аз тариқи радиои ин кишвар изҳор намудааст, ки «ҳиҷоб рамзи бунёдгароии динии идеологҳои қаноти рост аст ва дар ҷомеаи озод ҳуқуқ ва эътибори занро паст мезанад».  Ассотсиатсияи занҳои диндор, Маркази таҳлили динии ин кишвар, ки ҷонибдори баргузории ин раъйпурсӣ буданд, изҳори назар карданд, ки занҳо дар ҳама маврид зарар мебинанд. «Занҳое, ки  зери фишор фаранҷӣ ба сар мекунанд, баъд аз боз кардани чеҳраашон ба ҷои мавриди дастгирӣ, таҳти фишор қарор мегиранд. Ҳарчанд ки дар Швейтсария нисбати онҳое, ки ба фаранҷӣ пӯшидан маҷбур месозанд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст».

Ба раъйпурсӣ ва қабули қонуни нав рӯй овардани Швейтсария ҳокӣ аз чист? Як коршиноси фаронса мегӯяд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст”.

Аз ин ҷо бармеояд, ки сухан на дар бораи либоси мусулмонӣ, балки амали ғайри исломӣ аз номи ислом меравад, ки аз ибтидои асри ХХ1 дар ҷаҳон доман паҳн кард. Ҷараёнҳо, ҳизбҳои исломии ифротгаро ва қудратхоҳ мехоҳанд, ки зери ниқоби “либоси мусулмонӣ” ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. Дар зери фаранҷӣ ва ҳиҷоб пинҳон шудани террористон, пиёда сохтани амалҳои террористӣ боиси бадном сохтан ва манъ гаштани фаранҷӣ ва ҳиҷоб гаштаанд. Аз ин ҷост, ки пай дар пай Австрия, Белгия, Булғористон, Дания, Фаронса, Олмон, Ирландия, Косово, Латвия , Мальта, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир пӯшидани фаранҷӣ ва ҳиҷобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кардаанд.

Дар ҷомаи ислом пешниҳод кардани аъмоли ғайри исломӣ хатари бузургеро барои мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ эҷод мекунад. Хатари ин амали пурхатарро дарк карда, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани фаранҷӣ ва ҳиҷобро манъ кардаанд.

Дар Ӯзбекистон

Соли 2009 дар ин кишвар мақомот ҳиҷобро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дар ҷануби кишвар, ки ислом бештар паҳн шудааст, манъ карданд.  Моҳи августи соли 2020 бо  қарори Девони Вазирон либоси ҳатмии мактабӣ барои хонандагон дар саросари кишвар тасдиқ ва ҳиҷоб ва либосҳои дароз манъ карда шуд.

Дар Қазоқистон…

Дар Қазоқистони ҳамсоя низ вазъ тақрибан яксон аст: мақомот тарзи либоси консервативии  исломиро ҳамчун нишонаи ифротгароии эҳтимолӣ мешуморанд ва аз ин рӯ, онро шадидан саркӯб мекунанд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна муносибат бо фаранҷӣ ва ҳиҷоб чунин аст.

Имрӯз мавзуи актуалии ҷомеаи ислом он аст, ки дини мубораки исломро аз зуҳуроти нопоки ғайриисломӣ, ифротгароӣ, амалҳои террористии ҳизбу ҷараёнҳои қудратхоҳ наҷот диҳанд. Тоҷикистон аз ин маҷро дар канор нест.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар  мусулмонии мост.

Таҳияи А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *