Алвидоъ, чойхонаи “Роҳат”!
1-уми март дар Душанбе тахриби чойхонаи маъруфи “Роҳат” оғоз шуд, ки боиси вокунишҳои зиёди ҷомеа ва баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, зеро ин чойхона рамзи фарҳангӣ ва ёдгории таърихии пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Хабари тахриби ин бино бори аввал 29-уми июл дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ шуд. Раиси кумита Низом Мирзозода изҳор дошт, ки чойхона фарсуда шудааст ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Вале, ба гуфтаи ӯ, номи «Роҳат» ҳифз гардида, бинои нав бунёд хоҳад шуд. Мирзозода ҳамчунин қайд кард, ки «чойхона бо таомҳои болаззаташ, бахусус, лагмон машҳур буд, ҳоло ин тавр нест». Ҳамчунин Мирзозода гуфт, ки ба наздикӣ дар Душанбе чойхонаи нав сохта мешавад, вале нагуфт, ки ин чойхона кай ва дар куҷо бино хоҳад шуд.

Мавзӯи тахриби биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз соли 2016 ба ин сӯ матраҳ мешавад. Фаъолони шаҳрвандӣ борҳо бо дархости тахриб накардани биноҳои таърихии шаҳри Душанбе ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Ахиран, моҳи март баъд аз оғози тахриби чойхона баҳси ин мавзуъ дигарбора авҷ гирифт. Сокинони Душанбе бори дигар ба ҳимоят аз “Роҳат” дар Душанбе муроҷиатнома тартиб доданд. Онҳо бо ҷамъоварии имзоҳо аз шаҳрдорӣ хостори ҳифзи ин ёдгории фарҳангӣ шуданд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 500 нафар ба ин муроҷиатнома имзо гузоштаанд.
Дар изҳороти худ ҷонибдорони ҳифзи чойхона навиштаанд: «Чойхонаи «Роҳат» макони вохӯрии наслҳо ва як гӯшаи зиндаи таърих аст. Ин бино на танҳо барои сокинони Душанбе, балки барои ҳар як тоҷикистонӣ арзишманд аст. Мо набояд таърихро тахриб кунем, балки онро барои наслҳои оянда ҳифз намоем».
Чойхонаи “Роҳат” соли 1958, дар замони роҳбарии Турсун Улҷабоев, бар пояи тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов сохта шудааст. Дар тӯли солҳо, чойхона на танҳо як макони маъмулии ғизохӯрӣ, балки як қисми муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии пойтахт гардид.
Чанд сол пеш шабакаи телевизионии CNN чойхонаи “Роҳат”-ро яке аз зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон эълон карда буд. Дар гузашта, бо таваҷҷуҳ ба ҷойгиршавӣ ва фазои беназираш, чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ин маконро барои вохӯриҳо интихоб мекарданд.
С. УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ