Ҳамҷинсгароӣ? 600 доллар биёр!
Се милиса бо гумони “шантаж” ё талаби пул дар ивази хомӯшӣ аз як ҳамҷинсгаро боздошт шудаанд.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” парванда боз гардидааст. Боздошти онҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст. Мақомот рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, майори милиса Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як сокини одӣ Диловар Мирзоев аз нафари ҳамҷинсгаро дар маҷмуъ 5 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 600 доллари амрикоӣ хостаанд. Онҳо гуфтаанд, дар ивази ин пул аз паҳни маълумоти беобрӯкунанда, аз ҷумла майли ӯ ба ҳамҷинсгароӣ, худдорӣ хоҳанд кард. Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, “гумонбарон аз нафари ҳамҷинсгаро аввал ду ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Баъдан, ҳангоми гирифтани се ҳазор сомонӣ аз тарафи кормандони Агентӣ боздошт шуданд.”Номи нафаре, ки маъмурони милиса гӯё аз ӯ пул талаб кардаанд, фош намешавад. Соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки беш аз 300 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро сабтином кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ