Ҳама дар иҳотаи зулмот

Сокинони Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа қатъи нирӯи барқ ва дар торикии комил будани ин ду шаҳрро хабар медиҳанд. Нахустин хабарҳо дар ин замина дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пахш шуд. Нафаре тахминан соатҳои 19:00 ба вақти Душанбе навишт, ки ҳоло маркази ин ду шаҳр комилан бебарқ ҳастанд: “Чароғ дар маркази шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ҳатто ҳайкали Сомонӣ хомӯш аст. Торикии комил  мондааст.

Чуноне аз сӯҳбати телефонӣ бо сокинонаш маълум шуд шаҳрҳои Хуҷанд,Панҷакент ва Кӯлоб низ барқ надоранд

Ҳанӯз сабаби ин торикии сартосарӣ маълум нест. Мақомоти тоҷик барои шарҳи ин қазия феълан дастрас нестанд. То ҳол ҳеҷ хабари расмӣ дар ин замина пахш нашудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, суханӯи ширкати «Барқи тоҷик» гуфтааст, «ҷои нигаронӣ надорад, базудӣ ҳал мешавад ва фардо шарҳ медиҳем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *