Ҳамадонӣ: Мавлуда ба шавҳару фарзандонаш заҳр дод?

Ду кӯдаки бегуноҳ аз дасти модар аллакай ин  дунёро тарк гуфтанд, хусуру хушдоман,  хоҳаршӯй ва  боз 9 узви дигари оила  дар дами марг қарор доранд

-Фарзандонатонро дар як рӯз ба хок супоридед?

-Духтари 6- солаам Нуралиева Моҳинав рӯзи 17-уми  июн даргузашт, духтарчаи сесолаам Басгул бошад, 2-юми июл аз дасти модари фарзандкушаш ин дунёро тарк гуфт. Ба ҷанозаи ҳарду духтарам модарашонро хабар кардем, вале он зани сангдилу бераҳм наомад.

Шумо чанд фарзанд доред ва айни замон дигар кӯдаконатон дар кадом ҳолатанд?

-Ману Мавлуда дар тӯли 15 соли зиндагиамон соҳиби 6 фарзанд гаштем. Нав духтарчаам Моҳинавро ба хок супорида ба хона баргашта будем, ки аҳволи дуюмаш вазнин шуду ӯро ба беморхона бурдем. Ҷасади инашро аз беморхона набароварда, аз даҳону бинии духтари сеюмам хун сар карду ӯро ба вазнинхона бурдем. Дар дари беморхона будам, ки аз бад шудани аҳволи фарзанди 1- солаву 7 моҳаам хабар доданд. Шумо ҳолати он лаҳзаинаи маро тасаввур карда наметавонед. Даҳшатовар аст дидани марги фарзандон барои падар… (овози мард ба ларза даромада мегиряд)

(Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

Бародаркушӣ дар Ҳисор

Аз овоза то ҳақиқати марги Ҷаъфар Олимов

Дар дами дарвоза чашмамон ба писараки сабзинаи тахминан 7-солае афтид. Писарак вақте фаҳмид, ки мо дар бораи падараш гап мезанем, ҳозирҷавобӣ карда гуфт:

-Ҳамон рӯз бобом (падарашро бобо мегӯяд) гиря дошт. Бачаш хабар овард, ки амаки Фарҳодам маст омада, ҷанҷол дорад. Ногоҳ Фарҳод-амакам маст аз дар даромада омаду кордро ба мо нишон дода гуфт, ки ҳамата мекушам. Очам рав, рав гуфт, ҳамин, ки амаким рафт, бобом ба замин афтид, то очам доруша овард, ки бобом мурд.

(Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

 

 Аз рӯйи намоз аз хушдоманам шаттаю шаллоқ мехӯрам

Ҳамин ки ҷойнамозро партофта ба намозхонӣ сар кардам, хушдоманамро гӯё ҷин зада бошад, доду фиғон карда ҳавлиро ба сараш мебардорад. Дар сари қаҳр аз даҳонаш чӣ гапи сахте, ки барояд, гуфтан мегирад, на фоҳиша мемонаду на маймуну бероҳа. Ин зани пояш ба лаби гӯр аз Худо шарм надошта, чанд бор вақти намозхонӣ маро мурданивор зад ва ҳатто ҷойнамозҳоямро оташ зад.

Шавҳарам қариб ҳар рӯз ин рафтори модарашро бинад ҳам, чашмашро ба кӯрию гӯшашро ба карӣ зада мегардад, гӯё ягон гап нашуда бошад. Дар хонаи шавҳарам аз рӯи намозхониам рӯз надорам. Ба гуфти хушдоманам ҳамаи муллою эшонҳо террористу фашистанд…

(Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

 

Се талоқ барои футбол
ё чӣ тавр футбол як оилаи тоҷикро вайрон намуд?

Рӯзи дароз дар ҷойи кор давутоз карда, чунон монда мешудам, ки ногуфтанӣ, болои ин дар қадам кӯдак шуда, мадори роҳгардӣ надоштам, вале шавҳари бекорхӯҷаам шаби дароз футбол тамошо карда, мани дуҷонро то саҳар хоб рафтан намемонд. Чанд бор хоҳиш кардам, ки ақаллан овози телевизорро пасттар кунад, аммо вай “ту фоҳиша худат ки ҳастӣ, ки ба ман фармон медиҳӣ” гӯён, маро мурданивор мезад ва боз ҳамон корашро давом медод.

Нав ғанабам мебурд, ки шавҳари дар ишқи футбол девона шудаам “гооооллл” гӯён, бо тамоми овоз дод зада, рост-рост мепарид. Талхакаф шуда бедор мешудам ва дилам чунон ба ларза медаромад, ки хаёл мекардам ҳозир аз қафаси синаам зада мебарояд…

(Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

Ашки пушаймонии духтари падаркуш

Дигар бо велосипед ба донишгоҳ набиёед, ман аз шумо шарм медорам…

-Чаро шарм медорӣ, бачам?- Пурсид падарам.

-Дугонаҳоямро падаронашон бо мошинҳои хориҷӣ ба дарс меоранду мебаранд, шумо бошед бо велосипед…

-Майлаш духтарам, агар ту аз падарат шарм дорӣ, дигар намеоям,-инро гуфта падарам рӯяшро гардонд, вале ман қатраҳои ашкро баръало дар чашмонаш дидам.

Бояд хатои худро фаҳмида ҳамон замон ба пеши пойи падарам меафтидам ва бахшиш мепурсидам, аммо мани мағрур ба ашки чашмони падарам аҳамият надода, ба хобгоҳ даромадам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам наомад, ки бо ин ҳарфи ноҷо ба дили падарам ханҷар задам ва ӯро бе корд куштам…

(Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

Павел Воля зани мусулмон гирифту…

Павел Воля бо яке аз барандагони шабакаи MTV Мария Кравсева ҳамзистӣ дошт, тамоми дӯстон интизори тӯй буданд, вале соли 2010 онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Дере нагузашта, Павел бо чемпиони шасткаратаи Аврупо оид ба гимнастикаи бадеӣ, устоди шоистаи варзиш Ляйсан Утяшева, ки зодаи Бошқирдистон аст, паймони ишқу муҳаббат баст, вале дилдодагон муносибатҳои худро аз ҳама пинҳон нигоҳ медоштанд. Он замон Ляйсан нав модарашро аз даст дода буд ва дар он лаҳзаҳои душвор маҳз Павел ӯро аз ҳолати яъсу руҳафтодагӣ берун бароварда, дастгирӣ намуд. Вақте баҳори соли 2013 хабари ҳомиладор шудани Ляйсан паҳн гашт, ҳарду иқрор шуданд, ки моҳи сентябри соли 2012 оиладор шуда буданд…

 (Давомаш дар шумораи №27-и ҳафтаномаи “Оила”)

Ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар дастрас намоед!!!

 Телефон барои тамос: 918-63-31-63

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *