Амалҳои иғвогаронаи Амрико ба хотири чист?
Ши Йи, сухангӯи минтақаи шарқии фармондеҳии артиши озодихоҳи Чин (ПЛА) дар баёнияе гуфт, ки убури киштии мушакии USS Sampson аз гулӯгоҳи Тайван сулҳу субот дар минтақаро халалдор мекунад.
Бар асоси изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе дар WeChat нашр шуд, эсминетси мушакии амрикоии USS Sampson рӯзи 26-уми апрел аз гулӯгоҳи Тайван убур кард.
«Ин бори аввал нест, ки Иёлоти Муттаҳида ба чунин амалҳои иғвогарона даст мезанад ва ба неруҳое, ки «истиқлолияти Тайван»-ро ҳимоят мекунанд, сигналҳои нодуруст мефиристад ва ба ин васила сулҳу субот дар гулӯгоҳи Тайванро дидаю дониста халалдор мекунад, мо ба таври қатъӣ ба он мухолифем»,- гуфт Ши Йи.
Дар тамоми роҳи киштии эсминетс аз гулӯгоҳи Тайван, ҳарбиёни PLA мушоҳидаҳои ҳамроҳро ташкил карданд. Ши Йи ҳамчунин таъкид кард, ки неруҳои Фармондеҳии ҷангии шарқӣ пайваста дар ҳолати омодабош буда, соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлат ва сулҳу суботи минтақаро ҳифз мекунанд.
Муносибатҳои расмии ҳукумати марказии РХХ ва музофоти ҷазиравии он соли 1949, баъд аз он ки қувваҳои гоминдан бо сардории Чан Кай-ши, ки дар ҷанги гражданӣ бо Партияи коммунистии Чин мағлуб шуда буданд, ба Тайван кӯчонида шуданд. Алокаҳои тиҷорӣ ва ғайрирасмии байни ҷазира ва материкии Чин дар охири солҳои 1980 барқарор шуданд.
Аз ибтидои солҳои 90-ум ҷонибҳо тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ — Ассотсиатсияи Пекин оид ба рушди муносибатҳо дар гулӯгоҳи Тайван ва Бунёди Тайбэй оид ба табодули байни гулӯгоҳҳо тамос гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ