Амалиётҳои ҷарроҳии нав дар бахши дилу рагҳо давоми 9 моҳи соли равон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои ҷарроҳии нав дар кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор мераванд.

— Давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои мамлакат бори аввал амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рӯдаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл гузаронида шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *