Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз:Аксарияти хизматрасониҳои Кумитаи андоз электронӣ шуданд
Санаи 25 июли соли 2024 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзӯи “Дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар нимсолаи якуми соли 2024” баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, гуфт, давраи татбиқи лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” солҳои 2021–2026-ро дар бар мегирад.
“Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ҷиҳати ноил шудани ба ҳадафҳои мушаххас равона шудааст, аз ҷумла беҳтар кардани сифат ва содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва таъмин намудани риояи қонунгузории соҳаи андоз. Ҳадафи амалиёти мазкур ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад”, — қайд кард Солеҳзода Аюбҷон.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар доираи вазифаҳо ва самтҳои асосии дар Лоиҳаи Амалиёт пешбинишуда, бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии андоз, боз ҳам зиёд намудани номгуи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории қоғазӣ ва такмилу роҳандозӣ намудани барномаҳои компютерӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд ва татбиқи марҳилаҳои баъдӣ идома доранд.
Зикр шуд, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ дар давраи амалишавии Лоиҳа номгӯйи хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, ҳамаи хизматрасониҳои онлайнии андоз дар сомонаи Кумитаи андоз дастрас буда, дар сомона ҳуҷраи шахсии ҳар як андозсупоранда бо замимаҳои ҳисоби шахсӣ, иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва шаҳодатномаҳои электронӣ кушода шудааст. Тариқи ин барнома ба андозсупоранда хизматрасониҳои автоматикунонии ҳисоботдиҳӣ, ҳисоб кардани намудҳои алоҳидаи андозҳо: нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози кишоварзӣ, супоридани ҳисоботи электронӣ, пардохти андозҳо тавассути системаи имзои электронӣ дар вебсайт, пайгирии натиҷаи амалиётҳо, ба роҳ мондани иртиботи андозсупоранда бо мақомоти андоз тариқи ирсоли мактуб ба Кумитаи андоз, муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ ва монанди инҳо дастрас аст.
Аюбҷон Солеҳзода гуфт, ҷиҳати рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкориҳо, бо як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, КВД “Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон — «Амонатбонк»”, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои омор, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор созишномаҳо оид ба табодули иттилоот дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот, имкониятҳои техникии вазорату идораҳо, доду гирифти иттилоот дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, чораҷӯиҳо дар ин самт идома доранд.
Дар идомаи ҷаласа намояндагони дигар вазорату идораҳо баромад карда, дастовардҳои Амалиёти лоиҳаро дар нимсолаи аввали соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ карда, дар мавриди вазифаҳои барои давраи дуюми татбиқи Амалиёт дар соли 2024 ва нақшаи ҳамкорӣ миёни аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт сухан ронданд.
Ҳазем Иброҳим Ҳанбал, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, доир ба ноил гаштани лоиҳа ба комёбиҳои назаррас аз рӯи самтҳои асосӣ ва бомуваффақият фаъолият намудани он ибрози назар намуд.
Сипас, Шамсулло Хайруллозода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар давраи татбиқи Лоиҳа аксарияти хизматрасониҳои соҳаи андоз ба гунаи электронӣ гузаштанд ва ин имкон дод, ки Кумитаи андоз аз мақоми нозир ба мақоми хизматрасон табдил ёфта, боиси кам шудани санҷишҳои андозӣ гардиданд.
Муовини вазири молия пешниҳод кард, ки минбаъд дар самти рамзгузории мол ва мониторинги андозӣ таҷрибаи дигар кишварҳо омӯхта шуда, баъди хулосабарорӣ модулҳои нави беҳтар дар амал татбиқ карда шаванд.
Юсуфзода Фаррух Юсуф, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои Кумитаи андозро дар самти татбиқи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда қаноатбахш хонда, таъкид кард, ки яке аз мушкилиҳои асосии соҳибкорону сармоягузорон ин санҷишҳои барзиёди андозӣ буд ва минбаъд бо кам шудани ин санҷишҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои онлайнӣ ба соҳибкорон, махсусан сармоягузорон дар кишвар фазои сармогузорӣ беҳтар хоҳад шуд.
Ҳамин тавр, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ дар мавриди натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи Амалиёт дар шашмоҳаи аввали соли равон ибрози назар карда, корҳои анҷомдодашударо қаноатбахш ҳисобиданд.
Дар охир таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025”, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, рақамикунонии мақомот чораҳои иловагӣ андешида мешавад.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ