Амалиёти “Корд”: Паҳнкунандагони силоҳи сард боздошт шуданд (аудио)

Дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии “Корд” аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар марҳилаи навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду нафар паҳнкунандагону фурӯшандагони силоҳи сард дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва аз онҳо шумораи зиёди кордҳои гуногунтамға ва электрашокеру дигар намуд силоҳҳои сард дарёфту мусодира карда шудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, “аз ҷумла, аз шаҳрванд Музаффаров Амир Муродович, соли таваллудаш 18.05.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Қулписта, зимни азназаргузаронӣ аз дӯкони номбурда, воқеъ дар бозори “Варзоб” 16 адад кордҳои гуногунтамға ва як адад электрашокер дарёфту мусодира карда шуд. Инчунин, аз шаҳрванд Алимбоев Алишер Алиевич, санаи таваллудаш 06.04.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навбаҳор, соҳибкори бозори “Ганҷина” 3 адад электрашокер ва 7 адад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд”.

— Нисбати ин ду нафар фурӯшанда — паҳнкунандагони силоҳҳои сард маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол гардид,- меафзояд манбаъ.

Бино ба иловаи манбаъ, инчунин, дар ҷараёни амалиёти мазкур дар маҳаллаи Яккачинор шаҳрванд Қаюмов Неъмат Назруллоевич, санаи таваллудаш 17.04.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2, қаблан бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва бо корд мусаллаҳ ба кӯчагардӣ машғул буд, дастгир ва аз ӯ як адад корд ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд”.

— Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд,- зикр мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *