Амалиёти «Мансурӣ» толибон бар зидди нерӯҳои Афғонистон

Гурӯҳи тундрави Толибон дар Афғонистон аз оғози амалиёти баҳории худ хабар додааст. Ин гурӯҳ рӯзи 27 апрел бо нашрия як эъломия гуфтааст, ки ба нерӯҳои афғон ва эътилофи байналмилӣ ҳамла хоҳанд кард. Баъд аз он, ки раҳбари пешини ин гурӯҳи Ахтармуҳаммад Мансур дар як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон кушта шуд, амалиёти баҳории имсолаи Толибон «Мансурӣ» номгузорӣ шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон мехонад, дар як эъломия гуфтааст, ки амалиёти имсола аз амалиётҳои солҳои гузашта фарқ дорад ва он ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ хоҳад дошт. Қабл аз эълони оғози ин амалиёт, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Балх беш аз 140 нафар кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *