Амалиёти наҷоти 13 куҳгарди Русия дар Тоҷикистон анҷом ёфт (видео)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз анҷом ёфтани амалиёти наҷоти 13 куҳгарди Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 18-уми августи соли 2023 ҳангоми поин шудан аз қуллаи Корженевский (7105 метр) як нафар аз ҷумлаи 13 нафар куҳгардони Русия дар ҷарии умқаш 300 метр сарозер шудааст. Се нафари дигар ҳам осеб дидаву ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд.

Куҳгардон Олег Персикови 38-сола, сокини вилояти Маскавро, ки қабурғаҳояш шикаста буданд, то ба марғзори Москвина поин оварда, баъдан сигнали хатар мезананд.

Баъди расидани сигнал 19-уми августи соли 2023 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти интиқоли ҷабрдидагон ба шаҳри Душанберо оғоз намуд.

19-уми августи соли 2023 ширкати ҳавонавардии “Сомон-Эйр” як чархбол ҷудо кард, ки соати 12:54 дақиқа ба самти ноҳияи Лахш парвоз кард ва соати 15:27 дақиқа аз урдугоҳ воқеъ дар марғзори Москвина (баландии 4300 м) онҳо ба шаҳри Душанбе оварда шуданд.

Аз фурудгоҳ ҷабрдидагон бо воситаи мошини Ёрии таъҷилии КҲФ ба маҷмааи табобатии “Истиқлол” бурда шуданд ва сари вақт ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расониданд.

КҲФ хабар медиҳад, ки айни замон вазъи саломатии куҳгардон хуб асту зери назорати духтурон қарор доранд ва ному насаби онҳоро ёдовар мешавад:

1. Персиков Олег Александрович, с.т. 12.06.1985, сокини вилояти Маскав (бо қабурғаҳои шикаста);

2. Шилин Роман Дмитриевич, с.т. 25.10.1988, сокини вилояти Маскав;

3. Калистратова Вера Владимировна, с.т. 05.08.1991, сокини вилояти Маскав;

4. Разумов Вячеслав Геннадевич, с.т. 29.05.1987, сокини вилояти Оренбург.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *