Ҷамъбасти озмуни «Пайрави Пешво» бидуни ғолиби ҷойи аввал
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» озмунашро таҳти унвони «Пайрави Пешво» бахшида ба Соли ҷавонон ҷамъбаст кард.
Тавре дастандаркорони озмун таъкид карданд, «ҳадаф аз баргузории озмун муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёфт».
Ба озмуни «Пайрави Пешво», ки аз 10 феврал то 10 май ҷараён дошт, аз тамоми манотиқи кишвар зиёда аз 40 матлаб пешниҳод гардид. Дар асоси талаботи озмун аз ҷониби комиссияи озмунӣ 21 матлаб барои чоп лоиқ дониста шуд ва онҳо дар шумораҳои гуногуни рӯзнома ба табъ расиданд.
Матлабҳои мазкур аз ҷониби аъзои комиссия озмунӣ мувофиқи 10-балла баҳогузорӣ карда шуд. Меъёри баҳогузорӣ барои ҷойи аввал 46-50, ҷойи дуюм- 40-45, ҷойи сеюм – 30-35 балл ва мукофотҳо барои ҷойи аввал 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ таъин гардида буд. Тибқи хулосаи доварон ба як нафар ҷойи дуюм (42 балл) ва ду нафари дигар (мутаносибан 35 ва 32-баллӣ) ҷойи сеюм сазовор дониста шуд.
Комиссия бинобар кифоят накардани баллҳои бадастовардаи иштирокчиён барои ҷойи аввал ғолиби ин мақоми озмуниро эълон карда натавонист. Бо диплом ва мукофоти пули ҷойи дуюм рӯзноманигор Камоли Наврӯзӣ, бо дипломҳо ва мукофотҳои пулии ҷойи дуюм рӯзноманигорон Муҳаммади Шоҳ ва Оҳистамоҳ Вафобекзода (дар акс) сарфароз гардиданд. Аз ҳисоби маблағи барои ҷойи аввал ҷудошуда Зафари Мирзоиён, Бузургмеҳри Баҳодур, Лашкар Шариф, Шаҳноза Қурбон, Сурайё Ҳакимова, Мирзоҷалол Шоҷамолов, Сипеҳри Ҳасанзод ва Беҳрӯз Холмуродов барои иштироки фаъол дар озмун ҳавасманд гардонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ