Ҷамъбасти Паралимпиадаи Рио-2016

Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 7 сентябр шуруъ шуданд, якшанбеи 18 сентябр ба анҷом расиданд. Дар ин бозиҳо беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат карданд.
Баъди натиҷагирии нуҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби Чин бо 217 медал (94 тило, 74 нуқра ва 49 биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 126 медал (58 тило, 33 нуқра ва 35 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Украина 106 медал (38 тило, 33 нуқра ва 35 биринҷӣ) гирифта, ҷойи севумро касб намуд.
Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин ИМА (36-38-29), Австралия (17-26-25), Олмон (15-21-13), Нидерланд (13-18-24), Бразилия (12-25-23), Зеландияи Нав (9-5-5) ва Италия (8-13-12) дохиланд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 81 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 62 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ шудаанд.
Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Украина боз ҳафт кишвар – Ӯзбекистон (7 медали тилло, 6 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ – ҷойи 16-ум), Беларус (7 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ – ҷойи 17-ум), Литва (2 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 43-юм), Латвия (2 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ – ҷойи 44-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 47-ум), Қазоқистон (1 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 56-ум) ва Гурҷистон (1 медали тилло – ҷойи 59-ум) — ба гирифтани медалҳои паралимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Дар Паралимпиадаи Рио варзишгарони шаш кишвар — Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония медал ба даст наовардаанд. Иштироки варзишгарони паралимпии Русия дар ин бозиҳо баъди фош шудани истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони маъюб, манъ шуд.
Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *