Ҳамдардии моро қабул намоед

Изҳори ҳамдардии тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон дар хусуси ҳалокати фоҷеавори 4 сайёҳ дар кишвар.

Мактуботи мазкур ба АМИТ«Ховар» ворид гардидааст, ки онро бознашр менамоем. 

«Ҳодисаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Швейтсария ва Нидерландия бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия гардидааст.

Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди азза ва ҷалла ба хонаводаи онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.

Инчунин мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия миннатдории худро ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошкор ва сари вақт дастгир шудани муттаҳамшавандагон саҳм гузоштанд, баён менамоем».

Анҷумани тоҷикон дар Туркия

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани гардишгарони хориҷӣ бар асари аз тарафи ронандаи нақлиёт пахш гардидан дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боиси андӯҳу нафрати беандозаи мо – тоҷикони муқими Миср гардид.

Ҷамъияти тоҷикони Миср ин амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Тавре  ба мо маълум аст,  29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиётӣ пахш карда шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд. Ба 3 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд, кумаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст. Бо дастури Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шуда, баъд аз чаҳор соат, аввалин гуруҳи ҷинояткор аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқошкор ва дастгир гардиданд.

Тоҷикони муқими Миср ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба аҳли наздикони фавтидагони гардишгарони хориҷӣ изҳор намуда, хоҳони шифои комили маҷруҳгардидагони ин ҳодиса, ҳастем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *