Ҳамдеҳаашро бо дос зад
Бино ба маълумоти ВКД, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Фурудгоҳи ноҳияи Нуробод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми июли соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар мавзеи “Заркӯҳ”, воқеъ дар қисми болои деҳаи Сари-пули ҳамин ноҳия марди 33-солаи сокини деҳаи Синҷит, аз сабаби ҳусумати пешакӣ доштанаш бо ӯ муноқиша намуда, бо доси алафдаравӣ ба пушти сар ва дигар узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ