Ҳамдеҳаашро бо корд зад

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда рӯзи 29-уми августи соли 2017, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиаш бо марди 55-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *