Ҳамгироии Осиёи Марказӣ: кӣ ва ё чӣ монеи Иттиҳоди ин кишварҳост?

«Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак» — чунин ном дошт конфронсе, ки бо иштироки Президенти Ӯзбкистон Шавкат Мирзиёев 10 ноябри соли гузашта дар Самарқанд баргузор гардид. Дар ин конфронс Президенти Ӯзбекистон ба таври ошкоро пешниҳод кард, ки Эътилофи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳоди Шавкат Миромонович дар остони нишасти дувуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба қарибӣ дар Тошканд баргузор мегардад, бесабаб нест…

Ду хирс дар як ғор

Чанд соли охир дар сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Пас аз марги Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки  бо принсипҳои худ давлатдорӣ мекард ва ҳамсояҳоро чашми дидан надошт,  ҳукумати Ӯзбекистон сиёсати дарҳои бозро барои ҳамсояҳо ҷорӣ намуд. «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност»-мегӯянд. Бинобар ин, баъди марги ин «девори ҷудоӣ» кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиши ба ҳам омадан карданд. Пӯшида нест, ки дар саргаҳи эҳёи дубораи равобити муштарак Президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меистад.

Қаблан, Нурсултон Назарбоев, Президенти Қазоқистон низ идеяи баҳамоии кишварҳои Осиёи Марказиро пешниҳод карда буд, ҳатто чандин сол пеш ӯ идеяи таъсис додани як Иттиҳод миёни кишварҳои минтақаро ба миён гузошт, аммо он ҷомаи амал напӯшид.

Сабаби асосии ин, албатта, «пирони арсаи сиёсати Осиёи Марказӣ» Нурсултон Абишович ва Ислом Абдулғаниевич буданд, ҳар яки инҳо ба алоҳидагӣ мехостанд лидери минтақа бошанд. Аммо чӣ тавре халқ мегӯяд: «дар як ғор ду хирс намеғунҷад» ва ҳамин тавр идеяи бунёди чунин як иттиҳод муаллақ монда буд.

Солҳои охири ҳукмронии Каримов ба ҳамагон чун рӯз равшан аст. Марзбандиҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон, қатъи ҳамкориҳои иқтисодӣ, муносибати сард дар сиёсати хориҷӣ ва ғайра…

Ин монеаҳое, ки пеши роҳи баҳамоии кишварҳои рӯ ба рушди Осиёи Марказӣ шуда буд.

Нишасти нокомили Остона

Билохира, баҳори соли 2018 роҳбарони Осиёи Марказӣ ба хулоса омаданд, ки сари мизи музокирот масоили муштаракро баррассӣ намоянд. Ва, албатта, ин нишаст дар Остона – пойтахти бунёдкардаи ягона «пири сиёсати Осиёи Марказӣ» Нурсултон Назарбоев бояд доир мешуд.

Коршиносон аз ин нишаст умеди зиёд дошатанд ва ҳамагӣ умед бар он мебастанд, ки Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис хоҳад ёфт.  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавқеи худро доир ба ин нишаст чунин пешгӯйӣ карда буд:

«Мо аз нишасти Остона умеди зиёд дорем ва ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна хушбин ҳастем. Будани як иттиҳод ва вусъат додани ҳамбастагии кишварҳои минтақаро мо чандин сол пеш пешниҳод карда будем». Аммо ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз нишаст Туркманистон «байкот» кард, Гурбангулӣ Бердимухаммадов эълон кард, ки дар ин нишаст ҳозир нахоҳад шуд ва ба сифати намоняда раиси парлумони кишварашро фиристод.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки наомадани Туркманистон на ба муносибати тирааш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, баръакс ба таъсири қувваҳои бузурги беруна муртабид аст.

Нурлан Муратов, коршиноси масоили сиёсӣ байкоти Туркманистонро ба таъсири Русия иртибот медиҳад:

«Таъсиси итттиҳод маънои баҳамоии кишварҳоро дорад, яъне дар Осиёи Миёна қудрате наве ба вуҷуд меояд. Русия намехоҳад, ки дар ин минтақа қудрати фаъолият намояд. Шубҳае нест, ки ширкат накардани Бердимуҳаммадов ба таъсири Русия мебошад».

Аммо мавқеи Сайфулло Сафаров, коршиноси масоили сиёсӣ ва муовини директори МТС дар ин маврид дигар аст:

«Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Миёнаро бисёриҳо намехоҳанд ва бо ин муқовимат менамоянд.  Соли гузашта дар як нишаст мо ин масъаларо бардоштем ва то чӣ андоза мухолиф будани баъзе қувваҳоро эҳсос кардем. Махсусан, ҳарбиҳо ба будани чунин як ҳамбастагӣ зид ҳастанд.  Онҳо намехоҳанд, ки интегратсияи Осиёи Миёнаро бинанд. Аммо ин интегратсия на ба Русия, на ба Хитой ва на ба Афғонистон зарар намерасонад, балки ба манфиати онҳо ҳам ҳаст, зеро будани як ҳамбастагӣ барои ҳалли низоъҳо ва мушкилоти дохилии минтақа кумак мекунад. Агар як иттиҳод таъсис ёбад, Осиёи Миёна ҳам барои Русия, ҳам Чин ва ҳам Аврупову Амрико қимати бештар пайдо мекунад»,- мегӯяд, номбурда.

Туркманистон — тарафдор!

Баъди як моҳи нишасти Остона Туркманистон мавқеашро дигар кард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти ин кишвар зимни сафари худ ба Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёбад ва гуфт, ин метавонад, мулоқоти мунтазами раҳбаронро ба роҳ монад.

Шавкат Мирзиёев низ аз ин пешниҳод пуштибонӣ карда гуфт:

“Имрӯз бояд ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб шавад. Дар ин робита, пешниҳод мекунам, ки Эътилофи роҳбарон, яъне, раҳбарони минтақа ва доираҳои тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Вақте мо бо минтақаҳо, бо роҳбарони онҳо ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтугӯи мустақим баргузор мекунем, натиҷаовар хоҳад буд. Вақте мо на танҳо ба онҳо кумак, балки халал ҳам намерасонем, — натиҷа чашмрас мешавад».

Яъне, дар нишасти Тошканд яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ маълум аст: — Таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ё Эътилофи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Албатта, дар ин нишаст дар баробарои ин масоили зиёде мавриди гуфтугӯ бояд қарор бигирад: масоили марзӣ, муҳоҷират, тиҷорат, нефту газ ва даҳҳои дигар…

Аммо, оё метавон умед дошт, ки кишварҳо дар як Иттиҳод ё Эътилоф сарҷамъ хоҳанд шуд? Ё бародарони калонӣ боз ҳам монеъ мешаванд? Инро фақат вақт нишон медиҳад.

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *