Ҷамила Икромӣ: «Ма тра мегум, банга назан ПК мешай, сағера»  (видео)

 Имрӯзҳо дар сомонаи иҷтимоии «Ютуб» навори фаҳше бо номи «Ҷамилаи Икром- Сағераи бангӣ» баромадааст, ки тамоми қишри ҷомеаи Тоҷикистонро ба ларза даровардааст. Дар ин навор ҳунарманд чунон «чолокона» ва бо «ғамхорӣ» аз «сағераи бангӣ» (воқеан хуб мешуд, агар «Кумитаи забон» то ба «ҳаводис» часпидан аз ин дархурди навбаромад ба забони ноби тоҷикӣ изҳори нигаронӣ мекард) хоҳиш мекунад, ки «банга назан, сағера ПК ( воқеан мӯҳтарам забондонҳо шояд ягон кас ба ман мефаҳмонад ,ки «ПК» чӣ маъно дорад?!) мешӣ, мара мезанӣ ба корча трма мешӣ»:

                   

Ма тра мегум, банга назан ПК мешай, сағера,

Корчара мегри маара мезани трма мешайӣ ябора.

Банги аҷал ҳамара (ё шояд «мара» он қадар «буро» талаффуз накардааст хонум ё шояд бону Ҷамила) девона кардай,

Арақи ту мара бехона кардай.

                 

Аз навор фаҳмидан басо душвор аст, ки Ҷамила ин нидоҳоро ба кӣ мекунад, ин «сағераи бангӣ» барояш дӯстписар аст ё ҳамсар. Чун агар ҳамсараш бошад. магар мегӯзорад, ки бо куртаи танги ба ном «либоси миллӣ» ( воқеан дар баробари ташвиқи либоси миллӣ хуб мешуд, ки масъулин истифодаи ин либоси басо зеборо дар чунин наворҳои фаҳш роҳ надиҳанд)ва ба гуфти Убайдуллои Раҷаб «шарақ- шуруқкунон» бо гушвораҳои 77-метра ва чалаи 7-пута чунон моҳирона рақс карда мехонд, ки гумон мекунӣ на шикоят дорад, балки аз бангзанию арақнушии «сағераи бангӣ»-яш чунон хурсанд аст, ки аз хурсандӣ дар куртаи танги атласаш намеғунҷад.Аммо аз ҳама аҷибаш он аст, ки ӯ боз аз бачаи тоҷик шикоят карда мегӯяд:

Гапи мардум мара девона кардай,

Бачаи тоҷик мара девона кардай.

Ин наворро тамошо карда, ба ёдам сухани Муҳайё Нозимова журналисти тоҷик омад ,ки дар як назарпурсӣ гуфта буд:« Ман аз ояндаи фарзандам дар хавотирам .ки ӯ аз чунин ҳақоратшунавиҳо чӣ дарси ибрат мегирад?»Воқеан имрӯз ман  низ дар баробари Муҳайё Нозимова аз такдири фарзандони ҳанӯз ба дунё наомадаам дар хавф ҳастам. Охир кӯдаки ман пагоҳ аз ин ҷомеа чиро меомӯзад?! Думбаҷунбонии «ситораҳо» клипи урён ё ба қавле «филм для взрослых»-и занситораҳоямонро?! Мӯҳтарам хонандаҳои олиқадри ман! Шояд шумо ба ман мегӯед, ки фарзанди ман аз ин сурудҳо чӣ дарсе ба худ мегирад, дар ҳоле мегӯянд, ки «Ҷомеа тарбиятгари асосии атфол аст»?! Пас кӯдакони мо, дар ҷомеае, ки шавҳарро «сағераи бангӣ» гуфта, муроҷиат мекунанд, аз кӣ ибрат гирад?! Хуб, риштаи хаёлотамро каме дигартарафтар тоб додам, узр бар мегардем ба «сағераи бангӣ»-и хонум Ҷамила. Хуш, ки бошад, хонандаи гиромӣ, биёед давоми сурудро гӯш мекунем ва якҷоя «клипи олиҷаноб»- ро тамошо мекунем.Хонум  Ҷамила дар зери навои мусиқии «суруди олиҷаноб»-аш «даволная на все 100%»-а бо хандаи аз таҳти дил чунон рақсида истодааст, ки агар ягон аҷнабии забони моро надониста наворро бинад, ҳайрон мешавад ,ки дар нисфи шаби асное ки мардум масти хобанд тоҷикзан ( рости бароям дар симои ӯ дидани духтари точик басо дардовар аст) ба ҷойи дар назди кӯдакону ҳамсараш дар хобби ноз будан дар Боғи Марказии шаҳр рақскунон «сағераи бангӣ»- яшро «насиҳат мекунад:

Мара меган маҳабибабонум (?)

Синама меган дуди барги хазонум.

Урус мега ма роҳати ҷонум,

Тра мега ма марги ҷавонум.

Баъдан боз «нақароти олиҷаноб»-ашро такрор мекунад:

Ма тра мегум, игровой назан,

дузд (инаш нав шудааст-ку бо) мешай, сағера,

Корчара мегри мара мезани трма мешайӣ ябора.

Банги аҷал  мара (ҳамара)девона кардай,

              

Хулоса ба ҳамин минвол бо як хандаю шодмони Ҷамилаи Икром то охири суруд рақсидаю бозида «сағераи бангӣ»- ро гоҳ зорию гоҳ накӯҳиш карда сурудашро ба охир мерасонад.Аз ҳама аҷибаш он аст, ки ин хонум сурудашро дар Боғи Парчам гирифтааст, ки ҳайкали Исмоили Сомонӣ бисёр хуб дар навор дида мешавад. Ё шояд ин зан мехост, ки бо сурудаш ба шоҳ Исмоили Сомонӣ «ҳунари воло»- яшро нишон диҳад?!

Ин аввалин навори суруди фаҳшу нанговар аз ҷониби сарояндазанҳои мо нест. Аз ҷамила пештар Манижаи Сабо ном ҷавондухтар суруде бо номи «бача боша бой боша» хонд, ки дар навор ӯ аз модараш талаб мекунад, ки «Очаҷон бачаи бойи сумдор боша ай дилу ҷон мегирумша».Вой дод! Ин чӣ аҳвол аст, мардум! Куҷо шуд он забони ноби тоҷикии мо?! Куҷо шуд он ҳуввияти миллӣ ва муҳофизат аз забони шевои ба мерос  омадаамон.

Замоне устод Бозор Собир гуфта буд:Тоҷ  гум карду забонро гум накард…

Аммо на, мутаассифона… Хуб мешуд мо забонамонро гум мекардем, аз он ки чунин «ситора»-ҳои аз осмони ҳафтум омада онро олудаи чунин фаҳшо сохтаанд. Ана он вақт ин байти устод Лоиқ басо саривақти мебуд:

Бок не, гар доварӣ гум кардааст,

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

P.S хуб мешуд, ки Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон  ин масъаларо дида баромада «сағераи бангӣ» васф мекардаро ба ҷавобгарӣ кашида, арзиши забони ноби порсиро барояш омӯзонад. Натанҳо Ҷамиларо балки дигар «ситораҳо»- ро ҳам як сол дарси «забони модарӣ» омӯзанд, то ин ки забони шевою зебои точикиямонро шарманда накунанд!

 

Фарнгиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

92 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *