Тоҷикбача «Донишҷӯйи сол- 2016»-и Русия
Аминҷон Абдураҳимови тоҷик, донишҷӯйи Донишгоҳи телекоммуникатсияи шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯйи сол – 2016» яку якбора аз рӯйи ду номинатсия – «Эҷодкори сол» ва «Донишҷӯйи хориҷии сол -2016» ғолиб омад.
Аминҷон 12 декабри 1994 дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд таваллуд шуда, гимназияи шаҳрии рақами №1- ро хатм кардааст.
Аминҷон мегӯяд, ки интизор надошт, ки яку якбора аз рӯйи ду номинатсия ғолиб меояд, зеро ин сабқати бисёр ҷиддӣ ва сангин буд.
Барои баромадан ба даври финалӣ Аминҷонро лозим омад, ки марҳилаҳои аввали сабқатро бобарор пушти сар кунад. Ибтидои моҳи майи соли 2016 дар даври аввали сабқат, ки дар донишгоҳи худи Аминҷон гузашт ӯ дар номинатсияи «Таваҷҷуҳи тамошобин» ғолиб омад ва ба даври минтақавӣ, ки дар шаҳри Иваново баргузор гардид, роҳ ёфт. Дар даври дуввум низ Аминҷон дар қатори 20 донишҷӯйи беҳтарин аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Севастопол, Волгоград, Белград, Ставропол, Владивосток ва ғайра ба даври финалӣ роҳ ёфт.
«Ният дорам, ки дар донишгоҳ дар магистратура таҳсил намоям ва баъди хатми он ба Ватан баргашта барои рушди техналогияи муосир дар Тоҷикистон хидмат кунам», — ният дорад ӯ.
Аминҷон мегӯяд: «Бад аст, ки сарбоз орзуйи генералӣ накунад, бинобар ин дар оянда мехоҳам вазири алоқаи Тоҷикистон бошам».
Аминҷон донишҷӯйи соли чоруми факултаи радиотехнология ва алоқа мебошад. Ҳамчунин, ӯ узви Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ ва яке аз роҳбарони Иттифоқи умумирусиягии ҷавонони Санкт — Петербург аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ