Амирхон Қурбонзода: Душанбе ба бозори ҷаҳон роҳ ёфт

6 миллион доллар содироти маҳсулот ба хориҷа, бунёди 33 корхонаи истеҳсолӣ дар давраи пандемияи коронавирус, таъсиси ноҳияи панҷум дар шаҳри Душанбе, иҷрои нақшаи буҷет аз нуктаҳои муҳиме буданд, ки дар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе садо доданд.  Ба саволи журналистон муовини Рустами Эмомалӣ ҷавоб гуфтанд.

Рақам — баёнгари дастовард

Амирхон Қурбонзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки новобаста аз таъсири бемории  коронавирус  тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар ин давра ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил дод. Дар соли 2020 сохтори МММ аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 19,4 фоиз (моҳҳои январ — декабри соли 2019-ум — 21,4 фоиз), хизматрасонӣ 77,5 фоиз (75,3 фоиз) ва андозҳо 3,1 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст. Дар соли 2020 рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 104,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 101 фоиз, гардиши савдо 102,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 105,5 фоиз ва боркашонӣ 109 фоиз таъмин гардид. Роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2020 заминаи мусоид фароҳам овард. 483 корхонаи саноатӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 2,7 миллиард сомонӣ расонданд, ки суръати афзоиши он нисбат соли гузашта 104,1 фоизро ташкил додааст.

Аз корхонаҳои Акбар Ғулом то содироти маҳсулот

Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар соли 2020 ба 6 миллион доллар баробар шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи пандемияи коронавирус дар шаҳр 33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойи нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи масъулини шаҳри Душанбе, дар ин давра бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, инчунин 7 адад корхонаҳои саноатӣ дар кӯчаи Зебуниссо № 5 ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аз рушди маориф то «Майдони истиқлол»  

 Дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 13 иншоот барои 14580 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Дирексияи сохтмон бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6140 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6560 ҷой идома доранд. Инчунин, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорон  корҳои лоиҳакашии 7 муассисаи таълимӣ барои 5792 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.Соли 2020 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи обии шаҳри Душанбе, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс» ифтитоҳ ёфтанд. Инчунин, бинои иловагӣ дар ҳудуди литсейи президентӣ барои 624 ҷой ва хобгоҳ барои 162 нафар ва аз ҳисоби соҳибкорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва №102 барои 2200 ҷой,  2 муассисаи томактабӣ барои 720 ҷой бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Айни замон ҷиҳати бунёди «Майдони Истиқлол» дар марҳилаи якум корҳои бартарафкунии 283 адад иншоот бо арзиши  11 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.Таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов дар соли 2020 рост омад.

Боз 7 меҳмонхона

Дар ҳошияи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳо бунёди 4201 иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур то 1 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе 3623 чорабинӣ амалӣ карда шуд, ки ин 86 фоизи иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Барои бунёди 7 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ  идома доранд. Дар  соли сипаришуда дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 27 истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи 211,4 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷрои он ба 259,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст.

46,5 миллиони Ҳиндустон дар  Душанбе

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар доираи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Ин  тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи андоз иҷро шуд?

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар соли 2020 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 217 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 175 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 999,7 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равон карда шудааст.

Душанбе соҳиби ноҳияи 5-ум мешавад? 

Қаламрави се ноҳияи пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ карда мешаванд. Айни замон ба тавозуни шаҳри Душанбе гузаронидани 7 ҳазору 659 гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ бо маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти онҳо ҷараён дорад.

“Ин заминҳо байни 3 ноҳия — Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ тақсим мешаванд. Масъалаи ташкили ноҳияи нав дар Душанбе алҳол баррасӣ намешавад”, — изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ муовини якуми раиси  шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи генералӣ, аҳолии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал ба 1,2 млн. ва минбаъд то 2 млн. нафар мерасад.

 “Дар ин робита бунёди зербинои зарурӣ бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба нақша гирифта шудааст”, — шарҳ дод Қурбонзода.

Амирхон Қурбонзода  иброз дошт, ки барои таъмири намо (фасад)-и хонаҳои  истиқоматии баландошёна  аз аҳолӣ пул ҷамъоварӣ карда намешавад. “Танҳо соҳибкорон ва шахсоне, ки имконият доранд, дар ин кор саҳм гузошта метавонанд”, — гуфт ӯ. Ба савол дар бораи пас чаро пурсидани 200 сомонӣ барои таъмир, вақте одамон ҷиҳати гирифтани маълумотнома ба Раёсати истифодабарии манзилҳо (ЖЭУ) муроҷиат мекунанд? Қурбонзода посух дод, ки “рӯйи ин масъала кор мекунанд”.

Номбурда зикр кард, ки дар Душанбе 2 лоиҳа оид ба беҳбуди вазъи таъминот бо об мавриди амалишавӣ қарор дорад. “Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо аҳолӣ бо 40 ҳазор адад обҳисобкунакҳо таъмин мешавад. Бепул, аз ҳисоби лоиҳа”, — иброз дошт Қурбонзода.

Амирхон Қурбонзода дар мавриди корхонаҳое, ки қаблан аз тарафи шахсони алоҳида дар Душанбе хусусӣ шудаанд ё кор намекунанд, гуфт, ки айни замон бо дастур ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе зина ба зина фаъол карда мешаванд.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *