Амиршо Миралиев, собиқ раиси вилояти Хатлон даргузашт

Амиршо Миралиев, ходими давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинградро хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд.

Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайъат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ Миралиев ба ҳайси раиси Шӯрои мудирони «Соҳибкорбонк» баргашт ва то ба мақоми раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон расид.

Амиршо Миралиев як ҳафта пеш барои табобат ба Туркия рафта, дар яке аз бемористонҳои Истамбул ҷарроҳӣ шудаааст.

Бино ба иттилои пайвандони Амиршо Миралиев, номбурда бемории сутунмуҳра дошт. Пас аз ҷарроҳӣ нисфирӯзии имрӯз, 6-уми декабр аз олам гузаштаааст. Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 7-уми декабр дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *