Амиршоева барои кадом саҳмаш ҷоизаи Бӯринисоро гирифт?
Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи «Вечерка» имсол ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваро ба даст овард. Бӯринисо Бердиева сардабири вақти рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва ҳоло “Омӯзгор” қаҳрамони Наврӯз ном бурда мешавад.
Эътилофи бонувони рӯзноманигор дар Тоҷикистон гуфт, ки Амиршоева барои саҳмаш дар рушди хабарнигорӣ дар соли 2020 ҷоизаро соҳиб шуд. Наргис Қосимова, роҳбари Эътилофи бонувони журналист дар Тоҷикистон гуфтааст: «Соли 2020 соли бисёр мушкил буд ва бонувони журналист дар ин давра, воқеан, қаҳрамонӣ нишон доданд”.
Раиси Эътилофи бонувони журналист афзуд, баҳодиҳӣ аз сӯйи ҳайати доварон «воқеъбинона сурат гирифт». Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, «шояд довталабони дигар ҳам бошанд, ки сазовори ин мукофотанд, вале кам андар кам занҳои журналист ҳастанд, ки мактаби худро доранд ё ҳадди ақал соҳиби расона ҳастанд. Гулнора Амиршоева аз ҳамон занҳоест, ки расонаи худро дорад ва ҳамеша саъй мекунад, масъалаҳои муҳими ҷомеаро муҳокима ва расонаӣ кунад.»
Дар ҳамин ҳол, “Озодӣ” менависад, баъзе аз мунаққидони матбуот қарори доваронро дар мавриди тақдими Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева танқид карданд, вале хостанд, номашон зикр нашавад.
Яке аз барандагони ҷоизаҳои Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон низ дар суҳбати бидуни микрофон низ гуфт, “дар аҳди пандемия бонувони зиёди рӯзноманигор дар рушди соҳа хидмати бузургтаре карданд ва мебоист қадрдонӣ мешуданд.” Вале, ба қавли худаш, барои ҳифзи якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аз касе ном нагирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ