Амирзода: Бунёди Ваҳдат дар он нақши дастони Пешвои миллат ҳаст
Истиқлолияти давлатие, ки Тоҷикистон бисту панҷ сол муқаддам ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад.
Чунки андешаи Истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Рӯҳи озодихоҳии гузаштагони мо-тоҷикон кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиён ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги маъруфамон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст. Ба ҳукми таърих имрӯз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад. Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатӣ, ба таъбири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо тоҷикон дастовард ва неъмати бузургтарин буда, онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем.
Тоҷикистон пас аз соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиду минбаъд низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд, ки он аз шарофати Истиқлолият аст.
Истиқлолият бори нахуст имконияти қабул гардидани Конститутсияи нави кишвар, рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, таъсис ёфтани асъори миллӣ, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро фароҳам оварда, рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намуд, ки аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як силсила барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия ва қабул гардида, дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шуд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баргузории чорабиниҳои муҳташам ба ифтихори шахсиятҳои муътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат мебошад, ки дар тарбияи худогоҳии миллии шаҳрвандон, ташаккули тамаддун ва давлатдории мо саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар ин давра қабули пешниҳодоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза ва солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи амалиёти «Об — барои ҳаёт» худ гувоҳи дар арсаи байналхалқӣ эътибору манзалат пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, дар байналмилалӣ гардидани Иди Наврӯз саҳми Тоҷикистон хеле назаррас аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ ҳамчун узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруазия, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай дар кори даҳҳо созмонҳову иттиҳодияҳои байналмилалӣ иштирок ва сол аз сол ба дастоварду пешравиҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегардад. Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаршар», «Озодӣ», неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1 ва Сангтӯда-2», пулҳои байни Тоҷикистону Афғонистон, масофаи тӯлонии роҳҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар корхонаҳо самараи робитаҳо бо давлатҳои дуру наздик аст, ки ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мусоидати комил намудаанд.
Бо дастгирии якдилонаи халқи кишвар ба роҳ монда шудани сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ифодаи бузурги соҳибихтиёрии миллат буда, он дар оянда дар таҳкими иқтисодиёт ва таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатамон хизмати бузург хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шаҳри Ваҳдат тағйири симо карда, ободу маъмур гардид. Имрӯз кӯчаҳои зебою озода ва идона оростаи шаҳр, бешак, ба дили ҳар фард шодию фараҳ мебахшад, зеро ҳамаи он шаҳодат аз соҳибистиқлолии мамлакатамон мебошад.
Таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 25 соли Истиқлолият нишон дод, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри иҷрои қонуну қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ба таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин мушкилот ва омилҳои ба иқтисодиёт таъсиркунанда нигоҳ накарда, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҷиҳати нигоҳ доштани рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан соҳаи истеҳсолӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таъмин ва мақсаднок истифода бурдани даромадҳои давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амалӣ гаштани барномаҳои давлатӣ чораҳои судманд андешида шудаанд, ки ба пешрафти фаъолияти молиявию иқтисодии шаҳр мусоидат намуд.
Пешрафти мунтазами соҳаҳо имкон дод, ки ҳаҷми даромадҳо ба буҷети шаҳр рӯ ба инкишоф ниҳода, раванди болоравии он дар амал татбиқ гардад. Ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнаткашони шаҳри Ваҳдат самаранок фаъолият намуда, бо ин васила имконият фароҳам омад, ки шаҳри Ваҳдат аз кумаки молиявии ҷумҳурӣ (дотатсия) баромада, эҳтиёҷоти худро бо маблағҳои худӣ таъмин намояд.
Ҳаҷми даромадҳои буҷети шаҳр дар соли 2015-ум 90 миллиону 226 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс нисбат ба соли 1998-ум 89 миллиону 870 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати он 254 маротиба афзоиш ёфтааст. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр соли 2015 ба маблағи 91 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 89 миллиону 290 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Буҷети шаҳр моҳияти иҷтимоӣ дошта, тақсимоти он аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ барои рушди соҳаи мазкур сол аз сол зиёд гардид. Соли 2015-ум 63,8 фоизи буҷети шаҳр ба соҳаи маориф, 18,2 фоиз ба соҳаи тандурустӣ ва 3,9 фоиз ба соҳаи иҷтимоӣ, ҷубронпулӣ, кумаки молиявӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва садамаи неругоҳи барҷи атомии “Чернобил” ва боқимонда 14,1 фоизи он барои нигоҳдорӣ ва кумакҳои аввалиндараҷа равона гардидааст.
Бо мақсади дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2009-2015 аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр 3 млн. 816 ҳазор сомонӣ барои ҷуброни мактаббачагони камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва неругоҳи барқи атомии Чернобил маблағ ҷудо гардид. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр дар солҳои 2005-2015 зиёда аз 122 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат корҳои зиёди бунёдкорӣ, созандагӣ амалӣ гардиданд, ки бевосита ба беҳ гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Бахусус, тайи се соли охир сохтмони панҷ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду боғчаи кӯдакона, хобгоҳ барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти “Ромит”, корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013», фабрикаи ғанигардонии маъдан ва корхонаи истеҳсоли металҳои рангаи ҶДММ «Покрӯд», корхонаи коркарди шир, муассисаи табобатии «Парастор» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Симиганҷ”- и шаҳри Ваҳдат, азнавсозӣ ва ба самти дутарафа табдил додани кӯчаи Сомониёни маркази шаҳр, чароғонкунии кӯчаҳои Рӯдакӣ, Сомониён, 20-солагии Истиқлолият, мумфаршкунии даҳҳо километр роҳҳои нақлиёти автомобилӣ ва ба истифодадиҳии даҳҳо иншоотҳои дигари хизматрасониву савдо аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки имрӯз дар хизмати сокинони шаҳр қарор доранд.
Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат сохтмони як қатор иншооти иҷтимоию истиқоматӣ, саноатию кишоварзӣ бомаром ҷараён дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои сеошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, варзишгоҳи замонавӣ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони бинои муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллаҳои 14, 20 ва деҳаҳои Истиқлолият, Суғдиён, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, мебелбарорӣ, пенаблокбарорӣ босуръат идома доранд.
Боиси сарфарозии тамоми ваҳдатиён аст, ки дар ин ҳама оғози бунёдкориҳо ва ифтитоҳи фаъолиятҳои тозаву пироста нақши дастони мубораки асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидаву ин ҳамаро шукӯҳу ҷилои тоза ва файзу нусрат бахшидаанд. Итминони комил дорем, ки аз баракати иштироки ин марди муборакқадам корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамеша вусъати тоза гирифтаву ин сарзамин дар муҳлати начандон тӯлонӣ ба яке аз гӯшаҳои зеботарини кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ