Ҳамкории Русия бо Толибон ошкор шуд
Саид Муҳаммад Акбар, яке аз раҳбарони аршади Толибон равобити Русия ва Чинро бо ин гуруҳ тасдиқ карда гуфтааст, бо намояндагони ин давлатҳо ҳанӯз се сол қабл дар Қатар ва Аморати Муттаҳида дидор кардаанд.
Саид Муҳаммад Акбар Оғо ин нуктаро дар як мусҳибааш бо “КП” изҳор дошта, гуфтааст, мо кӯшиш кардем инро махфӣ нигоҳ дорем: “Ин ҳоло ошкор шуд ва моро чанд бор ба Русия низ даъват карданд”.
Ба иттилои манбаъ, Толибон аз Русия пуштибонии сиёсӣ интизоранд, на моддӣ: “Агар Русия ба мо маблағ ва ё силоҳ диҳад, ин муносиботи ӯро бо халқи афғон бад хоҳад кард. Ҳамагуна кумакҳои силоҳ ин дахолат ба масоили дохилӣ аст”.
Номбурда гуфтааст, бо Русия замоне созиш карданд, ки он кишвар сарҳадҳои ИДМ-ро дар хатар дид ва онҳо ба ҳам омаданд: “Афғонистон ҳамеша бо мардуми рус муносиботи таърихии хуб дошта ва таърих исбот намуд, ки мардуми Афғонистон аз Ғарб ба Русия наздиктар аст. Мо вақте фаҳмидем, ки Русия бе кумаки Толибон ва Толибон бе кумаки Русия наметавонанд ба сулҳ дар Афғонистон бирасанд, мо созиш кардем”.
Саид Муҳаммад Акбар Оғо гуфтааст, Толибон ҳама сарҳадҳои собиқ Шӯравиро сарҳади имрӯзи Русия медонад ва метавонанд амнияти ин сарҳадҳоро таъмин намоянд: “Инсонҳое, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, медонанд, ки мақсади омадани Амрико ба Афғонистон таъмини амният намебошад. Мо медонем, ки Чин ва Русия ду кишвари бузурги минтақа аз амнияти худ дар ҳаросанд, зеро ояндаи онҳо дар хатар аст”.
Номбурда дар мавриди пайдоиши ДИИШ дар Афғонистон гуфтааст, ин созмони сохтаи Амрико ва барои расидан ба ҳадафҳояш дар Ироқ ва баъдан дар Сурия буд, ки миёни сунниҳо ва шиаҳо ҷанг андохт.
Ба гуфтаи Саид Муҳаммад Акбар Оғо ДИИШ дар Афғонистон барои таъсир расонидан ба Осиёи Марказӣ, хатар эҷод кардан ба Русия ва зери таъсири худ гирифтани ин минтақа мебошад: “Аъзои ин гуруҳ зархаридони қирғиз, узбек, қазоқ, тоҷикони Тоҷикистон, русҳо ва ҳамчунин норозиҳо аз Толибон мебошанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ