Ҳамлаи хакерони Эрон ба почтаи электронии мақомдорони Амрико

Ҳакерҳои эронӣ аз гурӯҳи Charming Kitten (Пишаки ҷаззоб) талош карданд, почтаҳои электронии мақомдорони Амрико дар умури назорат бар таҳримҳои зидди Эронро рахна кунанд. Дар ин бора Associated Press рӯзи 13-уми декабр хабар дод.

Хабаргузорӣ маълумоти Certfa — ширкати британиявиро таҳлил кард, ки ба масъалаи амнияти киберӣ машғул аст.

Ба ғайр аз мақомдорони давлатии Амрико, ҳамчунин, нафароне аз шумори мунаққидон ва тарафдорони созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон ва олимони араб дар умури ҳастаӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи корманди муассисаи соҳибкории ИМА Фредерик Каган, ҷосусии киберӣ аз тарафи Эрон ба таҳримҳои маъмурияти президент Доналд Трамп бар зидди Теҳрон бастагӣ дорад. Ӯ бовар дорад, ки кӯшиши ҳамла аз ҷониби Эрон анҷом шудааст.

Қаблан, дар соли 2010, хадамоти махсуси Эрон сохтори алоқаи Идораи истихбороти ИМА-ро шикаста буд. Ҳакерҳо бо истифода аз системаи ҷустуҷӯи Google ба сомонае ворид шуданд, ки кормандони истихбороти Амрико барои мукотиба бо ҷосусҳои худ истифода мекарданд.

Моҳи сентябр Амрико стратегияи нави амнияти кибериро эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ фаъолиятҳои сареъро пешбинӣ мекунад. Дар ин санад Эрон ва Русия таҳдиди киберӣ ба Амрико эълон шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *