Ҳамлаи хунин дар Барселона кори дасти ДИИШ будааст

Рӯзи 17-уми август дар ҳамлаи як микроавтобус ба пиёдагардҳо дар шаҳри Барселонаи Испания, 13 нафар кушта ва 100 маҷруҳ шуданд. Пулис мегӯяд, ки ронанда ин микроавтобус фирор кард ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Расонаҳои Испания гуфтаанд, дар ҳамлаи дувум як мошин ба пиёдаравҳо дар шаҳри Камбрилс, ҳадди ақал ҳафт нафар захмӣ шуда ва ҳоли ду нафари онҳо вахим аст.

Мақомоти Испания ҳамчунин субҳи ҷумъа аз кушта шудани чаҳор ҳамлакунанда ва захмӣ шудани як нафари дигар дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла бо ҳамлаи дувум дар Камбрилс рабт дорад. Камбрилс дар ҷануби Барселона воқеъ аст.

Ба гузориши расонаҳои Испания, ин афрод қасд доштанд чанд соат пас аз ҳамла дар Барселона, ба мардум дар шаҳри Камбрилс ҳамла кунанд. Пулис мегӯяд, эҳтимолан ин афрод камарбандҳои интиҳорӣ доштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пулиси Испания мегӯяд, ронандаи худрави микроавтобусе, ки рӯзи панҷшабе дар маркази шаҳри Барселона ба мардум ҳамла кард, фирор намудааст. Раиси пулиси минтақаи Каталония рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ду нафар ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе, боздошт шудаанд

Гурӯҳи «Давлати исломӣ» чанд дақиқа пас аз эълони шахсияти яке аз гумонбаршудаҳои «ҳамлаи террористӣ» дар Барселона аз сӯи пулиси Испания, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт. Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», шабакаи хабарии «Аъмоқ» вобаста ба гурӯҳи ДИИШ эълом кардааст, «омилони ҳамлаи Барселона сарбозони гурӯҳи Давлати исломӣ буданд, ки ин амалиётро дар посух ба ҳамлаҳои эътилофи байналмилалӣ, анҷом доданд.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *