Ҳамлаи маргбори Толибон дар Кобул

Таркиши як мошини бомбагузоришуда дар наздикии қароргоҳи пулис дар Кобул 18 кушта ва 145 захмӣ ба ҷо гузошт.

 Ҳодиса рӯзи 7-уми август иттифоқ афтод. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтанд, дар миёни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд.

Ҷунбиши Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт ва гуфт, як бомбгузори маргталаб “маркази сарбозгирӣ”-ро ҳадаф қарор дод. Дар баёнияи Толибон иддао шудааст, ки “шумораи зиёди сарбозон ва пулис ё кушта ва ё захмӣ шудаанд”.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, дастгоҳи тарканда замоне ба кор даромад, ки мошин дар наздикии қароргоҳи пулис истода буд. Шоҳидон гуфтанд, баъд аз таркиш садои тирпаронӣ шунида шуд.

Бо вуҷуди гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Толибон дар Қатар хушунатҳо дар дохили Афғонистон кам нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *