Ҳамлаи маргталаб дар ҷашни мавлуди пайғамбар

Ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузург дар Кобул дастикам 40 нафарро қурбон кард. Дар ин бора мақомоти Афғонистон хабар доданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷруҳ гуфтааст, дар таркиши рӯзи 20-уми ноябр, ки ҷамъомади бахшида ба мавлуди пайғамбар Муҳаммадро ҳадаф қарор дод, 60 нафари дигар осеб дид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш, ҳамларо як маргталаб анҷом дод ва теъдоди куштаву захмиҳо «аз 50 нафар бештар аст».

Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.

Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро борҳо ҳадаф қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *