Ҳамлаи шӯришгарон ба зиндон
Беш аз сад ҷангҷӯи марбут ба ҷудоиталабон дар шаҳри Кидапаван, воқеъ дар ҷануби Филлипин, ба зиндон ҳамла бурда ва 150 маҳбусро озод карданд. Бисёре аз озодшудаҳо ҷонибдрони гурӯҳи ҳамлагар буданд ва асосан барои куштори ходимони пулис зиндонӣ шуданд. Дар вақти ҳамла 6 ходими пулис кушта шуд.
Соли 2014 ҳукумати Филлипин бо бузургтарин гурӯҳи шӯришгар — «Ҷабҳаи озодибахши исломӣ» сулҳ кард, аммо даргириҳо бо гурӯҳҳои алоҳидаи шӯришгар ҷараён мегиранд. Шӯришгарони исломӣ беш аз 40 сол бо ҳукумат барои худмухторӣ муборизаи мусаллаҳона пеш мебаранд. Теъдоди кушташудаҳо дар чаҳор даҳсола беш аз 120 ҳазор ҳисоб шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ