Ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба гурӯҳи сайёҳон

Дар вилояти Алматои Қазоқистон рӯзи 16 август сокинони маҳаллӣ ба гуруҳи сайёҳон ҳамла карданд. Ин иттилоъ дар саҳифаи расмии ширкати Kazakh Tourism дар Фейсбук нашр шуд.

«Гуруҳи сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Капали вилояти Алмато ба сайёҳон ҳамла карданд. Сайёҳон мехостанд, аз мағозаи деҳа об бихаранд. Дар гуруҳ ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ шомил буданд. Ин ҳодиса ташвишовар аст. Ба имиҷи минтақа таъсири манфӣ мерасонад ва талошҳои моро барои ҷалби сайёҳон барбод медиҳад», — навишт ширкати Kazakh Tourism.

Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи «Авбошӣ» тафтишот шуруъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *