Ҳамлаи толибон дар наздикии марзи Тоҷикистон
Нерӯҳои давлатии Афғонистон шаби гузашта аз ҳамлаи ҷангиёни Толибон ба маркази ноҳияи Дарқади вилояти Тахор пешгирӣ кардаанд. Даргирӣ бо Толибон дар маркази ин ноҳияи ҳаммарз Фархори Тоҷикистон то соати чори субҳ давом кардааст.
Шаби гузашта ҷангиёни ҷумбиши Толибон кӯшиш кардаанд, ки маркази вилояти Дарқад дар вилояти Фархорро дигарбора ба даст биоранд. Фармондеҳи пулиси Дарқад Фақирмуҳаммад Ҷузҷонӣ гуфт, задухӯрдҳои шадид бо чирикиҳо то соати чори субҳи 2 апрел давом карда, ба нирӯҳои давлатӣ муяссар шуд, ки ҷангиёнро ақиб андозанд.
Фақирмуҳаммад Ҷузҷонӣ гуфт, дар задухӯрдҳои шаби гузашта дастикам 10 нафар аз ҷониби Толибон кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуда, се афсари пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Ҷузҷонӣ гуфт, ҷангиён асосан ниҳодҳои маъмуриву давлатӣ ва амниятиро дар маркази вулусволии Дарқад ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ҷангиёни Толибон, ба гуфтаи пулис, соати ҳашти шоми 1 апрел вориди маркази Дарқад шуда, танҳо соати чори субҳ баъди талафоти сангин маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.
Дарқад бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳаммарз буда, қисми зиёди қаламраваш аз соли 2015 ба ин тараф дар дасти Толибон қарор дорад. Маркази ин ноҳия низ дар соли 2015 қариб 8 моҳ дар дасти Толибон буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ