«Ҳамлет» дар саҳна
Дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷеаи «Ҳамлет»-и Вилям Шекспир, ки Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ онро таҳия кардааст, ба намоиш гузошта мешавад.
Санаи 20 апрели соли равон дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷеаи «Ҳамлет»-и Вилям Шекспир, ки Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ онро таҳия кардааст, ба намоиш гузошта мешавад.
Ин спектаклро коргардон Умед Хусравов дар доираи Фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту 2019» омода кардааст.
«Таҳияи чунин як спектакли бузургу мӯҳташам аз ҷониби як театри музофотӣ қадамӣ ҷиддӣ аст. Бароям хеле ҷолиб аст, ки Театри Хоруғ ин шоҳкори драматургияи ҷаҳониро чӣ гуна таҳия карда бошад?»- мегӯяд, Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва театршиноси тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмуни театрҳои касбӣ «Парасту 2019» аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов баргузор мегардад.
Дар ҷашнвораи мазкур 18 театрҳои касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд пешкаши тамошобин мегардонанд.
Даромад ба тамоми намоишҳо, аз ҷумла ба намоишномаи «Ҳамлет» ройгон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ