Ҳамоиш дар ДСХ бахшида ба мавзӯи ҷавонон
Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат- роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» доир гардид. Ин ҳамоиш, ки 26 майи соли 2017 доир гардид, дар кори он коршиносону олимон ва мутахассисон аз вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар макотиби олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин конфронсро ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлати соҳибистиқлол ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ, таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ва таъкидҳои пайвастаи ӯ дар мавриди бунёди шароити созгор ҷиҳати фарогирии ҷавонон ба омӯзиш ва таҳсилот, ҷалби ҳамешагии насли ҷавон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ изҳори андеша намуд.
Дар идомаи кори конфронс маърӯзачиён- Раиси Кумитаи сохтори худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Холиқзода А., Раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Нидоев П. Ф., профессори кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсияи донишкада Розиқов А.В., дотсенти кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсия Сафаров И.Д. ва дигарон атрофи масоили «Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ташаккулёбии афкори ватандӯстию ватанпарастӣ», «Роғун дар дипломатияи обу энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори ҳуқуқи миллӣ ва кафили амалишавии Конститутсия» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Маърӯзаҳои дигари ба кори конфронс пешниҳодгардида фарогири масъалаҳои саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таълифоти Пешвои миллат — раҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон, Пешвои миллат-созанда ва бунёдгари давлати тоҷикон, саҳми илмии ҷавонон дар таҳкими сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Пешвои миллат — тақдирсози ояндаи тамоми тоҷикони ҷаҳон буданд. Дар интиҳои ҷаласаи илмии конфронс иштирокдорон мулоҳизоти хешро атрофи маърўзаҳои пешниҳодгардида баён намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ