Ҳамоиш дар мавзӯи об дар ДСХ-аз мушкилот то пешниҳод

 8 феврали соли равон дар  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар мавзӯи  “Ташаббусҳои созандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи  босамари  захираҳои об”  мизи мудаввар доир гардид.

Дар ин ҳамоиш  устодони донишкада, намояндагони Вазорати саноат  ва технологияҳои  Тоҷикистон,   кормандони васоити ахбори омма  ширкат варзиданд.  Нишастро Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ифтитоҳ бахшид. Д. Қодирзода ташаббусҳои  Роҳбари давлатро  дар самти  истифодабарии захираҳои об қайд намуда, иброз дошт, ки:  “Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ, ҳадафҳои Даҳсола таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд”.

Декани факултети  соҳибкорӣ  ва иктисоди ҷаҳони донишкада  Сафоев А. К.  баён намуд, ки: “тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографӣ ба ин равандҳо, бешубҳа, таъсири зиёд мерасонад. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Дар дунё  касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост, зеро об ин худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва   ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад».

Дар қисмати  музокира, иштирокдорони  мизи мудаввар  ҳамчунин  ташаббуси  нави  Президенти Тоҷикистонро  дар  бораи эълон  намудани Даҳсолаи  нави  байналмилалии амал «Об — барои  рушди  устувор»,  ки  мақсад  аз  он  афзун  намудани  натиҷаҳои  бадастомада  дар  ҳошияи  Даҳсолаи  «Об — барои  ҳаёт»  ва ташкили  механизми мусоидат  ба  расидан  ба ҳадафҳои рушди  устувори  марбут ба об мебошад, дастгирӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *