Ҳамоиши соҳибкорон дар Ӯш
Соҳибкорони се кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои иштирок дар Анҷумани иқтисодӣ ва савдои Фарғона 17 ноябр дар вилояти Ӯш гирди ҳам хоҳанд омад.
Муовини аввали шаҳрдори Ӯш Замир Аскаров гуфтааст, намояндагони се кишвари ҳавзаи водии Фарғона имкониятҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард.»Ҳадафи асосии мо фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди тиҷорат дар минтақа аст. Дар ин анҷуман намояндагони ҳукумати кишварҳои ҳамсоя низ иштирок хоҳанд кард. Ба назари мо, ин гуна ташаббусҳо на танҳо ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни се кишвар сабаб мешавад, балки ба ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ миёни халқҳо низ таъсири мусбат хоҳад расонд», — афзудааст Аскаров.Анҷумани иқтисодӣ ва савдои Фарғона дар пешорӯи беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон тайи моҳҳои ахир баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ