Амонат. Оё дар таъмини замонати он каҷрафторӣ намекунем?
Вақте сухан атрофи амонат ва амонатдорӣ чарх мезанад, чеҳраи шахси амине пеши назар меояд, ки дасту дилаш беинтиҳо пок асту аз рўяш нур меборад. Аммо…
Рафиқ Хоҷаев, бигў, ки оё аминҳо дар замони имрўз чӣ миқдоранд? Намедонӣ? Ман ҳам баршумурда наметавонам. Фикр мекунам, ягон омори мушаххасе ҳам дар ин маврид вуҷуд дошта наметавонад, чун паҳнояш беҳудуд аст. Вале ҳастанд аминҳо ва теъдодашон хеле зиёд аст. Нафарони «каҷдаст»-у «дилсиёҳ» ҳам бисёранд.
Ҳар гоҳу ногоҳ дар бораи амонатҳои ба хиёнат мувоҷеҳгашта мешунавему мехонем, амалҳои ду ҷонибро дар мизони ақл бармекашем, ба яке нафрат мекунем, ба дигаре диламон месўзад. Чаро ин тавр аст? Барои чӣ агар нафрат аст, барои ҳар ду ҷониб нест? Чӣ сабаб мешавад, ки ба ду ҷониб якбора диламон намесўзад?
Ҷаноби Хоҷаев, агар аҳамият дода бошӣ, имрўзҳо амонатҳои интиқолӣ назар ба амонатҳои нигоҳдорӣ бештар шудаанд. Дуввумиро ба баъд мегузорем, чун салоҳи кор ҳамин аст. Дар мавриди амонатҳои интиқолӣ ҳатто сарусадову вокунишҳои гўшкаркунанда бармехезанд. Вақтҳои охир боварӣ миёни амонатдеҳу амонатдор хатчадор шудааст. Қаблан агар аз як гўша ба гўшаи дигар халтаи бореро фиристодан мехостӣ, ронандаи нақлиёти мусофирбар ҳатто даҳони онро боз накардаву ба ҷои зарурӣ расонидани он амонатро замонат медод. Аммо кунун кам аст чунин ҳолату муносибат. Зеро, ҳарос доранд, ки мабодо дар он халта ягон навъ маводи истифодааш мамнуъ набошад. Ин ҳаросашон ҷон дорад. Чун, ҳеҷ набошад, ҳадди ақал як-ду бор овозаҳои аз пушти амонат содир шудани ҷинояте ба гўшашон расидааст. Боз, ҳолатҳое низ ҳаст, ки борбар амонати итиқолиро мегирад, аммо онро ба моликаш намерасонад, яъне ба амонат хиёнат мекунад. Хиёнатҳо, агар кам содир шаванд ҳам, хоҳу нохоҳ миёни ҷомеа овоза мешаванд ва боварии мардумро ба якдигар коҳиш медиҳанд. То ҷое, ки ҳатто агар як нафар қаблан модар, ҳамсар, духтар ё хоҳари худро ба ронандаи мошине бовар кардаву ҳамчун амонат месупурд, дигар дар дилаш шубҳа ҷой мегирад. Дар ин сурат, ў маҷбур аст ҳама кори таъҷилии худро қафо партофтаву хароҷоти зиёдтар карда, онҳоро шахсан ба макони муқаррарнамудааш расонад.
Амонатҳои нигоҳдорӣ бошанд, фосилаи давомнок ва пурмасъулият талаб мекунанд. Вақте фосила тўлонист, касе гуфта наметавонад, ки амонати ба замонат додаашро бе каму кост баргардонида мегирад ё не.
Инҷо овардани қиссаи «оҳан бурдани муш» ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамон қиссае, ки марде як тонна оҳанро ба нафаре амонат медиҳад ва худ сафари дур мекунад. Чун аз сафар бармегардад ва аз он нафар амонаташро мепурсад, ў мегўяд, ки «оҳанро муш бурдааст». Мард ба андеша меравад ва ахиран кўдаки ўро рабудаву дар хонааш пинҳон мекунад. Он нафар чун воқиф мешавад, назди дари ин мард рафтаву кўдакашро мепурсад. Мард мегўяд, ки «кўдакро муш бурдааст». Падари кўдак дар ҳайрат меафтад, ки «чигуна муш метавонистааст кўдакро бубарад?». Мард посухаш медиҳад: «Дар шаҳре, ки муш як тонна оҳанро мебарад, метавонад кўдакро ҳам бубарад».
Ин қисса ба ҳеҷ ваҷҳ ҳарза набудаву нест. Воқеияте андаруни он ниҳон аст, ки ҳамаи мову шумо ба даркаш мерасем. Зеро, ҳамарўза амонатдиҳии ҳамсоя ба ҳамсояро мебинему баргардонидани амонат ва ҳолатҳои хиёнат шудан дар амонатро низ.
Ҳоло дар дунё бонкҳои амонатӣ таъсис ёфтаанд, ки мардум метавонанд пулу қоғазҳои қимматнок ва тилловори худро дар онҳо амонат гузоранд. Туро намедонам, Хоҷаев, вале ман чунин тасаввур дорам, ки дар бонкҳо мушҳо роҳ намеёбанд ва «сейф»-ҳоро ҳаргиз кушода наметавонанд. Аммо, бо боварии тамом ҳам гуфта наметавонам, ки замонати амонати бонкӣ ҳеҷ гоҳ шикаста намешавад.
Аслан бигирем, худи мо дар рўи замин амонатем. Замин, зиндагиамон, вазифаҳое, ки ба мо бовар мекунанд, ҳама амонат аст. Агар ба амонатҳо хиёнат кардем, пас, маълум мегардад, ки садоқат дар вуҷудамон набудааст.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ