Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2024” иштирок кард (аксҳо)
3-юми май бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Маркази намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” (Dushanbe Expo Center) намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.
Дар ин намоишгоҳ баробари ташкилотҳои қарзии кишвар, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хориҷӣ молу маҳсулоти истеҳсолии худро ба маъраз гузоштанд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дастовардҳои соҳавӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро ба иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ намуд.
Ташкил ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳакории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.
Намоишгоҳи мазкур то 5 -уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, шаҳрвандони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ