“Амонатбонк”: Сармоя афзудааст

Дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» натиҷаҳои фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк » дар соли 2018 бо ҳузури рӯзноманигорони ВАО ҷамъбаст гардид. Аз рӯи варақаи иттилоотии Бонк маълум мешавад, ки ҳаҷми сармояи бонк нисбат ба соли гузашта афзудааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2017 10 фоиз зиёд мебошад.
Даромади худи Бонк дар соли 2018 ба 36, 2 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба аввали сол 13, 8 фоиз зиёд аст. Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 52 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат супоридааст, ки нисбат ба соли 2017 10,5 фоиз зиёд мебошад.
Раиси тозатаъини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар рафти суханрони зикр намуд, ки «айни замон дар “Амонатбонк” 1087 нафар занон фаъолият доранд, ки 42,4 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Роҳбарияти Бонк барои боз ҳам бештар ҷалб намудани занон дар соҳа кӯшиш намуда истодааст, ки 50 фоизи шумораи кормандони роҳбарикунандаи филиалҳоро аз ҳисоби занон таъин намояд». Инчунин дар рафти саволу ҷавоб маълум шуд, ки аз вазифа барканор шудани раиси пешинаи «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва интиқоди асосии Президент ба хотири мушкилоти қарзҳое, ки саривақт бознагаштаанд, мебошад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ «қарзе, ки соли 2016 ба ширкати «Тоҷик эйр» 50 млн сомонӣ дода шуда буд, ҳамагӣ 5 миллиони он баргардонида шудааст.

Ширин,
хабарнигори «Тоҷикистон таймс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *