Амонатбонк ва БАТР ҳамкориро дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари Намояндагии  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот кард.

Мулоқоти ҷонибҳо 20-уми январи соли ҷорӣ дар бинои марказии Амонатбонк доир шуд.

“Ҳадафи аслии мулоқоти дуҷониба, ин пеш аз ҳама густариш додани муносибатҳои молиявӣ байни Амонатбонк ва БАТР ба шумор меравад”,-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз Амонатбонк.

Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо дар самтҳои ташкил намудани дарсҳои молиявӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши молиявии мутахассисони бонк, гузаронидани амалиётҳои молиявӣ байни сохторҳои мухталифи бонкҳо ва доир намудани чорабинӣ таҳти унвони “Дарҳои кушоди БАТР дар Амонатбонк” мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки Амонатбонк ва БАТР ҳамкории худро дар сатҳи нав ба роҳ монда, нақша доранд, ки дар соли 2025 доираи фаъолияти молиявии муштаракро васеъ намоянд ва  ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *