Амонова: Хешбачаам аввал таҷовуз карду баъд дору хӯронид

Охири моҳи соли 2016  ба хонаи ҳамсояам ва хешбачаам, Шамс Ёқубов барои қарсони хамиркунӣ (сатил, тағора) даромадам.  Дидам, ки Ёқубов дар хонааш нишааст, аз ӯ хоҳиш кардам тағораи хамиркуниро диҳад. Шамс гуфт, ки “қарсон дар анборхона аст ва худат рафта гир”. Мани соддалавҳ аз мақсади нопоки ӯ бехабар вориди анбор шудам. Ҳоло дастам ба  тағора нарасида касе аз қафо даҳонамро маҳкам баст, то садоям  набарояд.

Худам, ки солҳои дароз аз бемории меъда азият мекашам ва бар замми ин дар синни 15 ҷароҳии гурда шуда  ба қавле “базӯр бо пой рост мегаштам”, яъне  камқуввату бемадор будам.  Аз ин рӯ ҳарчанд кӯшиш кардам аз чанголи ин ҳамсояи бадният худро раҳо карда натавонистам. Пеши чашмони ӯро, ки нафси ҳайвонияш гирифта буд на ба хешу табор (набераи хола) буданамон нигоҳ карду  на хотири бемории ман ва на андешаи ҳамсоягӣ, ки борҳо нону намаки ҳамдигарро хӯрдаем. Хулас барои тағораи хамиркунӣ духтар баромада нодухтар ва бетағора ба хона баргаштам.

Агарчӣ фарзандталабон солҳо барои аз бахти модарию падарӣ бебаҳра намонда кӯшиш мекунанд ва табобат мегиранд аксарн  Худованд фарзанд намедиҳад. Аммо бо як таҷовуси хешбачаи номардам ҳомила шудам..-бо ашки шашқатор нақл кард сокини ноҳияи  Мастчоҳи кӯҳӣ, ҷамоати деҳоти Лангар, деҳаи Деҳавз-Амонова Розиямо.

Шамс амали кардаи худро иқрор шуд ё на?  Ин кор таҷовузи тасодуфӣ буд ё ташкилӣ?  Тифли Амоноваро кӣ  кушт? Ҳоло Розиямо дар куҷост ва чи ҳол дорад? Волидонаш бохабаранд ё бехабар?…ба ин ва дигар саволҳо дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” посух гиред.

                                                                                                                    Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *