Амонзода бо бекорӣ муборза мебарад

   Соли 2016 дар шаҳри Истиқлол 212 нафар сокинон ба ҷои корӣ доимӣ таъмин шуданд, ки аз ин теъдод 112 нафарашонро занони хонашин ташкил медиҳад.
  Ба гуфтаи раиси шаҳр Худойназар Амонзода аз ҳаисоби шаҳрвандони корҷӯянда ва бекор 120 нафар ба ихтисоси қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва барқчӣ тариқи роҳхат ва 262 нафар тариқи худмаблағгузорӣ дар гурӯҳҳои танзимгари компютер, дӯзанда, ронанда, кафшергари газу барқ, барқчӣ ва муҳосиб фаро гирифта шудаанд.
 “Ба 27 нафар шаҳрвандони бекори хоҳиши фаъолияти инфиродидошта, ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати як сол додем, то сокинон аз муаммои бекорӣ раҳоӣ ёбанд”-мегӯяд раиси шаҳри Истиқлол Амонзода.
                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *