Амонзода бо устодону донишҷӯёни ДСХ мулоқот кард

Чанде пеш дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мулоқоти муовини раиси Кумитаи рушди сайёњии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосу тахассусҳои риштаи туризми донишкада доир гардид.

Мулоқотро муовини ректори донишкада оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент С. Саидов ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат батадриҷ рушд карда,   ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани он мутахассисони варзидаю кордонро тарбия намудан зарур аст. Бинобар ин, раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки барои дар сатҳи сифатан нав омода намудани мутахассисони сохаи туризм аз тамоми имконоту шароитњо самаранок истифода намояд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Ширин Амонзода атрофи масоили рушди туризм дар мамлакат, ҳолат, монеаҳо, тадбирҳои роҳандозишаванда ҷиҳати рушди туризм, сатҳу сифати омода намудани мутахассисони риштаи туризм ва эҳтиёҷоти корхонаҳои сайёҳию хизматрасонӣ нисбат ба мутахассисони соҳаи туризм изҳори андеша кард.

Мудири кафедраи туризми донишкада, дотсент Фазлиддин Қодиров ёдрас шуд, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои таҳсилотии риштаи туризми мамлакат ба ҳайси муассисаи пешбар шинохта гардидааст.  Номбурда иброз дошт, ки бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти донишкада ва ҳайати илмӣ-омӯзгории кафедра дар назди донишкада Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба туризм, меҳмондорӣ ва сервис таъсис дода шуда, тамоми маводи соҳавии таълифшаванда дар шакли китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ,  дастуру нишондодҳои таълимию методӣ аз назари аъзоёни Шӯро гузаронида шуда, сипас ба чоп тавсия дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *